ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Киев аз музокирот худдорӣ кард ва дигарбора барои идомаи амалиёти низомӣ дар Украина дастур дода шуд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия.
Ба иттилои намояндаи Кремл, рӯзи ҷумъаи 25 феврал дар интизории музокирот бо Киев Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои мутаваққиф кардани амалиёти низомӣ фармон дод.
"Аммо Киев моҳиятан музокоиротро рад намуд ва имрӯз пешрафти нерӯҳои асосӣ аз сар гирифта шуд", - гуфт Песков.
Қаблан мақомоти Украина пешниҳод карда буданд, ки гуфтушунид сурат гирад, то аз ҳалокати одамон ҷилавгирӣ шавад.
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ масъулият ба дӯши мақомдорони Киев хоҳад буд. Вай аз низомиёни Украина даъват кард, ки дастурҳои ҷиноиро иҷро накунанд.