Иҷрои барзиёди нақшаи буҷа ва сохтмони иншоот ба маблағи қариб 1 млрд. сомонӣ

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, нақшаи даромади буҷа дар соли гузашта барзиёд иҷро гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,6 фоиз иҷро гардид.
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба ҷои 153,6 млн. сомонии нақша ба буҷаи вилоят 176,5 млн. сомонӣ ворид гардидаст. Ин аз ҳаҷми пешбиннишуда 21,2 млн. сомонӣ бештар аст, хабар додаст нашрияи “Садои мардум”.
Дар мавриди хароҷот дар вилоят раис изҳор доштааст, ки он аз нақша камтар буда, 98,7% баробароб гардид.
Мирзонабот назари президентро дар бораи вазъият дар ВМКБ баён дошт
Зимни шарҳи сармоягузориҳо дар ВМКБ Мирзонабот хабар додааст, ки ҳоло дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 406,6 млн сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.
Ба гуфтаи ӯ, барои бозсозию роҳҳои вилоят низ садҳо млн доллар сармоя ҷалб шудааст. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳукумат ва шарикони рушд дар роҳҳои минтақа 204,6 млн доллар сарф шудаст. Илова гардид, ки дар назар аст, боз 323,6 млн доллар доллар барои навсозии роҳҳои вилоят дар назар дошта шудааст.
Вай калонтарин лоиҳаи бахши нақлиётро дар вилоят сохтмони роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ -- дарвозаи Рӯшон хондаст, ки маблағи он 226,3 млн долларро ташкил дода, 93 километр роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зиддитарма бунёд хоҳанд шуд.
Мақомот мегӯянд, феълан расмиёт барои оғози сохтмони роҳи мазкур дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.