ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина изҳор кард, дер ё зуд музокироти миёни Киеву Маскав оғоз хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои РИА "Новости", Зеленский зимни як муроҷиаташ таъкид намудааст, ки гуфтушунидҳо ҳар қадар зудтар оғоз шаванд, ҳамон қадар талафот камтар хоҳанд шуд.
"Русияро зарур меояд, ки дер ё зуд бо мо гуфтугӯ кунад. Гуфтугӯ барои қатъи амалиёти низомӣ ва анҷоми ҳамла. Ҳар қадар муколама зудтар оғоз шавад, ҳамон қадар талафот камтар хоҳанд шуд", - таъкид намудааст Зеленский.
Қаблан гурӯҳе аз вакилони парлумони Украина аз Зеленский хостанд, бо ҳамтои русиягияш Владимир Путинро фавран гуфтушунид оғоз намояд. Инчунин вакилон хостанд, гурӯҳи масъули парлумон созмон дода шавад, то машваратҳои стратегӣ бо Русияро баргузор намоянд.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи 24 феврал изҳор карда буд, ки музокирот замоне оғоз хоҳад шуд, ки Киев омода бошад. Ба гуфтаи Песков, президенти Русия тамоми иқдомоти зарурӣ барои Киевро зикр кардаст, то мушкилоти консептуалӣ ҳал шаванд. Ин ҷо масъалаи омодагии Украина аст, илова намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи панҷшанбеи 24 феврал Владимир Путин президенти Русия барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи Украина қарор қабул кард. Ӯ дар муроҷиаташ ба русиягиҳо тавзеҳ дод, ки вазъи феълӣ "иқдоми қотеъ ва фавриро талаб мекунанд, чун ҷумҳуриҳои Донбасс ба Русия барои кумак муроҷиат кардаанд".
Ба гуфтаи роҳбари Русия, масъули хунрезиҳо дар Украина низоми ҳукмрон дар ин кишвар хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни украинӣ хост, фармонҳои ҷиноиро иҷро накунанд, силоҳашонро гузоранду пеши фарзандонашон баргарданд.