ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои федератсия Константин Косачев ва раиси Кумитаи дифои палатаи болоии Русия Виктор Бондарев сафари худро ба Тоҷикистон лағв карданд.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ дар парлумон хабар додааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки онҳо бо ҳайати Шӯрои федератсия ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Муовини раиси Шӯрои федератсия Константин Косачев ва раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои федератсия Виктор Бондарев дар Маскав монданд.
Ёдовар мешавем, сенаторҳои Русия таҳти раёсати Валентина Матвиенко, раиси палатаи поёнии парлумон бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуданд.
Сафари корӣ рӯзҳои 24-25 феврал идома хоҳад кард.
Ҳайати Русия бо раҳбарияти кишвар мулоқот ва ҳамчунин дар Форуми VII байнипарлумонии "Тоҷикистон – Русия: зарфиятҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ" ширкат хоҳад кард.
Ҳамчунин дар барнома боздид аз майдони сохтмони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки дар он таълим ба забони русӣ сурат мегирад, пешбинӣ шудааст.