Қазоқистон истифодаи нерӯҳои СААД-ро дар Донетску Луганск “ғайриимкон” донист

Вазири умури хориҷии Қазоқистон истифодаи неруҳои СААД-ро дар ҶХД ва ҶХЛ “ғайриимкон" номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Муовини сарвазир - вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ гуфт, ки оинномаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) танҳо дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон истифодаи нерӯҳои низомӣ ё посдори сулҳро иҷозат медиҳад ва аз ин рӯ фиристодани нерӯҳои СААД ба ҶХД ва ҶХЛ ғайриимкон аст, иттилоъ додааст РИА "Новости".

“Не, ин ғайриимкон аст, зеро тавре медонед, оинномаи СААД истифодаи нерӯҳои низомӣ ё посдори сулҳро ба таври қатъӣ маҳдуд мекунад. Онҳоро танҳо дар фазои СААД истифода бурдан мумкин аст”,- гуфт Тлеубердӣ.

Вазири умури хориҷии Қазоқистон ёдовар шуд, ки ба наздикӣ Дабири кулли СААД дар бораи эҳтимоли ирсоли як контингенти посдори сулҳ ба ҶХД ва ҶХЛ изҳори назар карда буд.

“Тавре ӯ гуфт, ин мулоҳизоти тахминист. Яъне амалан ғайриимкон аст. Барои як самти имконпазир, албатта, қатънома ва ваколати дахлдори Шӯрои Амнияти СММ зарур аст. Аммо тавре шумо медонед, СММ нерӯҳои посдори сулҳи худро дорад, аз ин рӯ аз нуқтаи назари амалӣ, масъала ин гуна нест”, - афзуд Тлеубердӣ.

Вазъият дар Донбасс дар рӯзҳои ахир муташанниҷ шудааст, ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз тирборони зиёди нерӯҳои амниятии Украина хабар додаанд.
Вокуниши Эрон ба таҳавуллоти Украина
Раҳбарияти ҶХД ва ҶХЛ аз ба таври муваққатӣ кӯчидани шаҳрвандонашон ба вилояти Ростов бинобар таҳдиди таҷовузи Украина ба ин минтақа хабар доданд.
Пеш аз ҳама занону кӯдакон ва пиронсолон кӯчонида шуданд.
Раҳбари ҶХД Денис Пушилин гуфт, ки раииҷумҳури Украина Владимир Зеленский метавонад ба зудӣ ба низомиён амр диҳад, ки ба ҳамла гузаранд.
Рӯзи шанбеи 19 феврал раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ фармон дар бораи сафарбаркунии умумиро имзо ва сипас бо дархости эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳо ба Русия муроҷиат карданд.