Узви парлумон ноиби нави Рустами Эмомалӣ таъйин шуд: муаллим Одилзода кист?

Омӯзгори собиқадор ба мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Дилбар Одилзода аз мақоми мудири мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб барканору ба вазифаи муовини нави Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе таъйин гардидааст.
Одилзода, ки ҳамчунин узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мебошад, дар курсии ноиби шаҳрдорӣ Мавсума Муиниро иваз намуд. Муинӣ ахиран шаҳрдори Бӯстон таъйин гардид.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ки дар сомонаи Маҷлиси миллӣ нашр шудааст, Одилзода 49-сола, зодаи Кӯлоб ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ин шаҳр мебошад.
Эълони сабаби барканории Имомзода ва Шоҳин Саидзода
Ӯ фаъолияташро соли 1994 ба ҳайси омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №28-и шаҳри Кӯлоб оғоз карда, баъдан дар мақомҳои роҳбарии макотибу кӯдакистонҳо фаъолият кардааст.
Одилзода аз соли 2011 то 2017 роҳбарии идораи маориф дар навоҳии Шоҳмансур ва Синоро ба уҳда доштаст. Солҳои 2017-2018, ӯ ноиби аввали мудири Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд. Аз моҳи апрели соли 2018 то ҳол мудирии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.