ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дастур дод, ки нақшаи зиддибуҳронии вокуниш ба авзои байналмилалӣ бар асари авҷ гирифтани низоъ дар Украинаро таҳия кунанд.
Дар Оқӯрда ҷаласаи фаврии Шӯрои амният таҳти раёсати президенти ин ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Қазоқистон вобаста ба вазъи Украина баррасӣ шуданд.
Тоқаев ҳисоботи сарвазир Алихон Смаилов, раиси Бонки Миллӣ Ғалимҷон Пирматов, муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ Мухтор Тлеубердӣ, Руслан Жаксиликов, вазири дифоъ ва раҳбарони дигар идораҳоро шунид.
Раҳбари Қазоқистон қайд кард, ки бетаъхир қабул кардани нақшаи зиддибуҳронӣ барои вокуниши сареъ ба оқибатҳои манфии бад шудани вазъи байналмилалӣ дар натиҷаи бархӯрди низомию сиёсӣ ва таҳримӣ мусоидат мекунад.
Кишвардор ҷиҳати ба ҳадди ақал расонидани хатарҳои эҳтимолии иқтисодӣ ва дигар хатарҳо барои Қазоқистон дастурҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Донбасс рӯзҳои ахир шиддат гирифт.
Мақомоти худхондаи ҶМД ва ҶМЛ бинобар таҳдиди таҷовузи Украина ба хоки онҳо аз тахлияи муваққати минтақа аз шаҳрвандонашон ба Русия хабар доданд. Вилояти Ростов аввалин шуда, гурезаҳоро қабул кард, дар муддати кутоҳ мақомоти вилоятҳои Воронеж, Новгород, Курск, Липетск ва Рязан низ аз он пайравӣ карданд, вилоятҳои дигар бошанд, барои ёрӣ расондан ба муҳоҷирон изҳори омодагӣ намуданд.
Дар навбати аввал занон, кӯдакон ва пиронсолон интиқол дода мешаванд.
Тавре раисиҷумҳури ҶХД Денис Пушилин изҳор дошт, президенти Украина Владимир Зеленский ният дошт, ба низомиён фармон диҳад, то ба Донбасс ҳамларо оғоз кунанд.
Рӯзи 19 феврал роҳбарони ҶМД ва ҶМЛ дар бораи басичи умумӣ қарор имзо карданд.