ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Теъдоди гирифторони бемории СПИД ва ВНМО дар вилояти Суғд рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Дар ин бора Раёсатии тандурустии ин вилоят хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, соли 2021 дар минтақаи шимолии Тоҷикистон 228 нафар аз сокинон гирифтори бемории ВНМО ва СПИД шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2020 шумораи гирифторон панҷ нафар кам шудааст.
Тибқи омор, ҳоло дар Маркази вилоятии мубориза бо СПИД 3228 нафар аз мубталоён ба ин беморӣ сабти ном шудаанд.
"Теъдоди фавти шахсони гирифтори ВНМО низ коҳиш ёфтааст. Агар дар соли 2020 90 фавт ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2021 аз ин беморӣ 58 нафар аз сокинони вилояти Суғд фавтиданд", - омадааст дар хабари Раёсати тандурустӣ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расмии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, дар соли 2021 дар байни ҷавонон 47 ҳолати нави сирояти ВНМО/СПИД ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2020 12 нафар афзоиш ёфтааст.
Миёни шаҳру навоҳии вилоят бештар дар шаҳри Хуҷанд гирифтории ҷавонон ба ин беморӣ сабт шудааст. Дар соли 2020 дар маркази маъмурии вилояти Суғд 3 ҳолати нав ва дар соли 2021 7 ҳолати нави гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.