Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба мардуми ин кишвар муроҷиати изтирорӣ кард.
Қаблан, 21 феврал ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор шуда буд. Мавзуи ин мулоқот ташдиди авзоъ дар марзҳои ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ва эътирофи онҳо аз сӯйи Маскав буд.
Дар рафти мулоқот аъзои Шӯрои амният ба роҳбари давлат дар бораи тамоми мушкилоте, ки ҶМД ва ҶМЛ дар рӯзҳои охир ба вуҷуд омадаанд ва ҳамчунин аз таҳдиди Киев гуфтанд.
Дар ин нишаст баҳси асосӣ сари амният ва ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ буд, ки барои эътирофи онҳо ин сиёсатмадорони Русия суханронӣ карданд:
Муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев;
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко;
Сарвазир Михаил Мишустин;
Котиби Шӯрои амният Николай Патрушев;
Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров;
Узви доимии Шӯрои амният Александр Бортников;
Вазири мудофиа Сергей Шойгу;
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин;
Директори Хадамоти иктишофии хориҷӣ Сергей Наришкин;
Вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев;
Ёрдамчии президент Игор Шеголев;
Сардори Гвардияи миллӣ Виктор Золотов.
Владимир Путин пас аз шунидани суханони ҳамаи аъзои Шӯрои амният, ки ба ҷонибдорӣ аз эътирофи истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ баромад карданд, гуфт, ки қарори ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхонда рӯзи 21 феврал эълон хоҳад шуд.
Ташдиди вазъият дар Донбасс
Вазъият дар ҶМД ва ҶМЛ бегохии 18 феврал бад шуд. Сарони ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз тахлияи муваққати онҳо аз шаҳрвандон ба вилояти Ростови Русия хабар доданд. Инчунин дар ин ҷумҳуриҳо басичи умумӣ эълон карда шудааст.
Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Имрӯзҳо вазъият дар Донбассро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳаву мушовири низомӣ мефиристанд, вахим месозанд. Маскав борҳо хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст.