Аз амният то иқтисод: Раҳмон бо вакилони аврупоӣ чиро баррасӣ кард?

Ҳайати баландпояи парлумони Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Дэвид Макаллистер густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони аврупоӣ изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мавқеи хоса дорад.
Президенти Тоҷикистон аз ҷараёни тавсеа ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳанг ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақаӣ изҳори қаноатмандӣ кардаст.
Зокирзода Иттиҳоди Аврупоро аз шарикони муҳими Тоҷикистон хонд
Дар мулоқот аз саҳми назарраси комиссия ва Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар тақвияти ҳамкорӣ тавсиф шудааст.
Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо барои кумак дар давраи авҷи пандемия изҳори сипос кардааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъияти имрӯзаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дигар масъалаҳои умдаи минтақаӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор намудаанд, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Таъкид шудааст, ки тарафҳо шарикиро дар чорчӯби барномаҳои гуногун ва ҳамчунин дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ идома медиҳанд.