ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Фармони президенти Русия дар мавриди эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск масоили марбути амниятро низ танзим мекунад.
Дар фармони раисҷумҳури Русия дар баробари масоили дигар дастури таъмини субот дар Луганск ва Донетск таъйид шудаст. Бар асоси матни ҳуҷҷат барои амнияту субот аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.
Дастур дода шудааст, ки дар робита ба муроҷиати роҳбарони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск қувваҳои мусаллаҳи Русия суботро таъмин созанд.
Владимир Путин инчунин Вазорати умури хориҷии Русияро муваззаф кардаст, ки бо ҷумҳуриҳои зикршуда муносиботи дипломатиро барқарор намоянд.
Фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ба ҳайси давлатҳои мустақил аз ҷониби Русия шаби 21 ба 22 феврал имзо шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.
Президенти Русия изҳори бовар намуд, ки эътирофи мустақилияти Донетску Луганск аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ хоҳад ёфт.