ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Беш аз 20 ҳазор нафар шабонарӯзи гузашта аз Донбасс ба Русия интиқол дода шуданд.
Дар ин бора Раёсати сарҳадии ФСБ Русия дар вилояти Ростов хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки сокинони Донбасс сарҳади давлатии Русияро дар вилояти Ростов убур кардаанд.
"Шуъбаи сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Русия дар вилояти Ростов иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта беш аз 20 000 шаҳрванд аз қаламрави ҷумҳуриҳои Донбасс тавассути гузаргоҳҳо марзро убур кардаанд", — омадааст дар гузориш.
Қаблан раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ аз интиқоли муваққатии шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо ба вилояти Ростов бинобар таҳдиди таҷовуз аз Украина хабар дода буданд.
Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе, пас аз ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони Русия муроҷиат карда гуфт, зарур мешуморад, қарор дар бораи эътирофи фаврии соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ қабул карда шавад, зеро онҳое, ки аз тариқи хунрезӣ, зӯроварӣ ва беҳуқуқӣ масъаларо ҳал карданиянд, роҳи ҳалли дигари низоъ дар Донбассро ба ғайр аз роҳи ҳарбӣ намешинохтанд ва намешиносанд.
Баъд аз муроҷиат президент дар Кремл дарҳол қарорҳои ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ-ро имзо кард.