Коҳиши истеҳсоли машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон

Соҳибкорони ҷумҳурӣ ба истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ва оби минералӣ диққати ҷиддӣ додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Соли 2021 тавлиди нӯшокиҳои спиртӣ дар Тоҷикистон тақрибан 15% коҳиш ёфтааст. Дар ин бора "Авесто" бо такя ба Оҷонсии омори кишвар менависад.
Инак, дар Тоҷикистон истеҳсоли арақ, пиво ва ликёр кам шудааст.
Аз моҳи январ то декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 50 ҳазор декалитр (1 декалитр - 10 литр) нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз 14% камтар аст.
Соли аввал нест, ки чунин тамоюл дар кишвар мушоҳида мешавад. Дар муқоиса бо солҳои 80-ум дар Тоҷикистон тавлиди машрубот ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Дар он рӯзҳо дар кишвар то 13 миллион декалитр нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол карда мешуд.
Дараҷа аз 38 дарсад кам набошад: қоидаҳои ҷадиди тавлиди арақ дар Тоҷикистон
Шояд сабаби ин кам шудани тавлиди машруб дар кишвар ба коҳиши корхонаҳои тавлии нӯшокиҳои спиртӣ рабт дошта бошад, ки феълан бештар аз 20 корхонаи хурд алкул истеҳсол мекунанд.
Ба ҷои ин соҳибкорон ба истеҳсоли нӯшокиҳои ғайрспиртӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар ду моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон тақрибан 20 миллион декалитр ҳамин гуна маҳсулот бо афзоиши 40-дарсадӣ тавлид шудааст.
Истеҳсоли оби минералӣ аз ин ҳам ақиб намемонад. Аз моҳи январ то декабр дар мамлакат 47,8 фоиз зиёд, қариб 2 миллион декалитр об фароварӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январ дар ҷумҳурӣ регламенти нави техникии истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ мавриди амал қарор гирифт.
Ҳоло арақ дар Тоҷикистон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Қувваи он бояд на камтар аз 38 дараҷа бошад.