Хайрзода аз ректорӣ барканору ба мақоми муовини вазир таъйин шуд

Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба мақоми муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Хайрзода Шукрулло Қурбоналиро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин намуд.
Хайрзода номзади илмҳои иқтисодӣ буда, тайи 4 соли охир роҳбарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Хайрзода 39 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ мебошад.
Унвони илмияш номзади илмҳои иқтисодӣ буда, донандаи забонҳои русию англисӣ муаррифӣ шудааст.
Доктори илмҳои техникӣ, 53-сола: вазири нави маорифи Тоҷикистон кист?
Ӯ фаъолияташро аз ассистентии кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе оғоз карда, солҳои 2010-2012 муаллими калони кафедраи мазкур будааст.
Солҳои 2012-2014 мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ ва сипас ба ҳайси декану ноиби ректор дар ин донишкада кор кардааст. Аз соли 2018 то ҳол ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар тағйироти кадрии бахши маориф вазир Муҳаммадюсуф Имомзода аз мақом барканор шуда, ба ҷояш Саидзода Раҳимҷон вазири нави маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардид.