"Хет-трик"-и футболбози Зеландияи Нав ба дарвозаи худ дар бозӣ бо ИМА: навори таърихӣ

Бозигари 25-солаи Зеландияи Нав ба дарвозаи худ "хет-трики комил"-ро ​​ба самар расонд
Sputnik
Ҳимоятгари мунтахаби занонаи Зеландияи Нав ва тими "Ливерпул" Мейкала Мур дар бозии дӯстона бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дарвозаи худ се гол зад.
Навори ин бозии шигифтангез дар саҳифаи Twitter-и портали хабарии Kawowo Sports нашр шудааст.
Дар дақиқаи панҷуми бозӣ Мур тубро бо пои росташ вориди дарвозаи худ кард. Пас аз як дақиқа партоби ҳарифонро натавонист гардонад ва туб ба сараш бархӯрдаву вориди дарвозаашон шуд.
Голи сеюмро низ бо иштибоҳ дар дақиқаи 36-ум вориди дарвозаи худ сохт. Мураббии тими занонаи Зеландияи Нав дар нимаи аввал Мурро иваз кард.
Дар нимаи дуюм Зеландияи Нав ду туби дигар сар дод. Вохурӣ бо мағлубияти Зеландияи Нав бо ҳисоби 5:0 анҷом ёфт.