Песков: Дар Русия намехоҳад ҳатто калимаи “ҷанг”-ро ба забон оранд

Сухангӯи Кохи Кремлин ба иттиҳомоти Ғарб дар бораи оғози ҷанг дар Украина посух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар суҳбат бо рӯзноманигори шабакаи “Россия 1” гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кишваре аввал ҳамла накардааст ва илова кард, ки пас аз даргириҳои зиёд дар ин кишвар онҳо ҳатто намехоҳанд, калимаи "ҷанг"-ро ба забон оранд.
“Ёдрас мешавем, Русия дар тӯли таърихи худ ҳеҷ гоҳ ба касе ҳамла накардааст. Русия, ки ҷангҳои зиёдеро паси сар кардааст, охирин кишваре дар Аврупо аст, ки ҳатто намехоҳад калимаи "ҷанг"-ро ба забон орад," - гуфт Дмитрий Песков дар посух ба иттиҳоми Ғарб дар бораи оғози ҷанг дар Украина.
Пештар Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфта буд, раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳолатҳои изтирорӣ Александр Чуприян дастур додааст, ки ба таври фаврӣ ба вилояти Ростов парвоз кунад, то паноҳандагонеро, ки аз ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск (ДНР ва ЛНР) меоянд, ҷойгир кунанд.
Вазъият дар Донбасс: ду ғайринизомӣ дар Луганск кушта шуд
Қаблан раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ аз кӯчонидани шаҳрвандонашон ба вилояти Ростов бинобар ба таҳдиди Киев хабар дода буданд.
Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолонро ба минтақаи амн мекӯчонанд.
Тавре раиси ҶМД Денис Пушилин изҳор дошт, президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ ба низомиён амр хоҳад дод, ки ба Донбасс ҳамла сурат гирад.
Феълан дар вилояти Ростов урдӯгоҳҳо барои қабули гурезагон аз Донбассу Луганск созмон дода шудаанд.
Зикр гардид, ки 24 минтақа изҳори омодагӣ намудаанд, ки гурезагонро аз ин ду ҷумҳурӣ қабул мекунанд.