Гуфтугӯи роҳбарони сиёсӣ барои эҷоди эътилофи зидди толибон

Шуморе аз роҳбарони сиёсии ҳукумати пешини Афғонистон дар ин эътилоф ҳузур хоҳанд дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Теъдоде аз раҳбарони сиёсии собиқи Ҳукумати Афғонистон, ки ҳоло дар хориҷ аз кишварашон ба сар мебаранд, дар талошанд, чатри ​​бузургтаре ба унвони эътилофи раҳбарии фаъолиятҳои зидди толибон эҷод кунанд.
Як манбаи огоҳ ба “The Independent” гуфтааст, ки музокирот барои таъсиси эътилоф дар Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон ва баъзе кишварҳои дигар, ки фаъолони сиёсии Афғонистон дар он ҷо ба сар мебаранд, идома дорад.
Ба иттилои ин манбаъ, Аҳмад Зиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва муовини аввали нахуствазири Ҳомиди Карзай, аз ҷумлаи раҳбарони музокироти раҳбарони сиёсӣ барои таъсиси эътилоф аст.

"То кунун шуморе аз раҳбарони сиёсӣ, аз ҷумла маршал Абдуррашид Дӯстум, Салоҳиддин Раббонӣ, Ато Муҳаммади Нур, Муҳаммад Муҳаққиқ, Амир Исмоилхон, Абдурраб Расул Сайёф, Аҳмад Масъуд ва Юнус Қонунӣ барои пайвастан ба эътилоф розӣ шудаанд", - қайд кардааст манбаъ

Инчунин “The Independent” хабар додааст, ки гуфтугӯ бо дигар шахсиятҳои сиёсӣ идома дорад.
Толибон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ҳабси хонагӣ карданд - навор
Ин ҷараён қарор аст, аз тарафи шӯро идора шавад ва дар он касе роҳбар намешавад.
Вай изҳор дошт, ки эътилоф дар бахшҳои фаъолиятҳои сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангӣ кумитаҳои мушаххасе дошта, пас аз эъломи мавҷудияти он кор барои фаъол кардани ин кумитаҳо оғоз мешавад.
Интизор меравад, ки бархе аз чеҳраҳои сиёсии паштун, аз ҷумла Абдулҳодӣ Аргандивол, раҳбари бахши Ҳизби исломӣ ва вазири молияи ҳукумати Ашраф Ғанӣ низ ба ин эътилоф пайвандад.
Ҳамчунин гуфта шудааст, музокирот бо шуморе аз заноне, ки дар сиёсати Афғонистон фаъол буданд, барои пайвастан ба ин эътилоф идома дорад.