ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ метавонад дар шароити ташдиди вазъ нерӯҳои посдори сулҳро ба Донбасс бифиристад, гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас хабар медиҳад РИА "Новости".
"Фарзан, инро бо иродаи нек аз ҷониби Украина тасаввур кардан мумкин аст, зеро ин қаламрави он аст, агар мандати Шӯрои амнияти СММ вуҷуд дошта бошад ва дар сурати зарурат ин тасмим аз ҷониби ҳама дастгирӣ хоҳад ёфт", - изҳор дошт Зас.
Ба гуфтаи Зас, роҳи ҳалли вазъро тавассути гуфтугӯ бояд ҷустуҷӯ кард.
"Бояд фаҳмиши зарурати сари миз нишастан ва барои ба мувофиқа расидани чизе вуҷуд дошта бошад. Ин як воқеияти нав аст", - гуфт дабири кул.
Вай афзуд, СААД ва аъзои он ҳамеша ҳар тасмими марбут ба истифодаи нерӯро бодиққат арзёбӣ мекунанд, дар сурати зарурат созмон метавонад ба зудӣ нерӯҳои посдори сулҳро эъзом кунад.
"Бовар кунед, мо метавонем ба қадри лозим нерӯ фиристем. Агар ба мо 300 ҳазор лозим бошад, мефиристем, агар 17 ҳазор лозим бошад, мефиристем. Агар бештар лозим бошад, бештар мефиристем. Ба қадри лозим", - гуфт Зас.
Рӯзи панҷшанбе вазъ дар Донбасс муташанниҷ шуд, ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск аз даҳҳо ҳамлаи нерӯҳои амниятии Украина хабар доданд.