Поёни рақобатҳо барои се паҳлавони тоҷик дар Телавив: умед танҳо ба Раҳимов

Темур Раҳмов, ягона умеди Тоҷикистон барои дарёфти медал дар "Tel Aviv Grand Slam 2022" аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Мусобиқоти "Tel Aviv Grand Slam 2022", ки дар пойтахти Исроил идома дорад, барои се паҳлавони тоҷик бидуни дастовард поён ёфт.
Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқоти "Tel Aviv Grand Slam 2022" мағлқб гаштанд.
Сомон Маҳмадбеков (-73кг), ки дар даври нахуст озод буд, дар даври дуюм паҳлавони бразилӣ Сантос Ҷуниор Ҷефферсонро шикаст дод ва дар даври чорякниҳоӣ бо паҳлавони мизбон Тоҳар Бутбул рақобат кард, аммо шикаст хӯрд.
Паҳламони тоҷик дар даври тасаллобахш бо паҳлавони олмонӣ Игор Вандтке вориди набард шуд, аммо инро ҳам бо бохт поён дод.
Шодмон Ризоев бошад, аз ҳарифи мизбонаш Қаҳрамони ҷаҳон Муки Саги шикаст хӯрд.
Қабули қоидаҳои нав дар ҷудо: аз танзими мӯйи сару либос то тарзи ҳамла
Ҷаҳонгир Маҷидов аз паҳлавонони дигари шинохтаи кишвар дар даври аввали рақобатҳо аз Шермуҳаммад Ҷандреев, варзишкори ӯзбек шикаст хӯрд.
Ҳоло барои дарёфти медат умедҳои тими Тоҷикистон ба Темру Раҳимов аст.
Раҳимов дар нахустин рақобаташ бар паҳлавони мизбон Серафим Компаниез пирӯзӣ ба даст овард.
Дар даври дуюми ин рақобатҳо паҳлавони тоҷик бар муқобили ҷуфти ғолиби Стефан Маунтин (Австрия) ва Йерасил Кажибайев (Қазоқистон) рақобат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур 309 варзишгар аз 34 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.
Чун анъана варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, соҳиби ҷоизаи пулӣ низ мешаванд: барои ҷои аввал 3000 евро, ҷои дуюм 2000 евро ва ҷои сеюм 1500 евро мушаххас шудааст.