Мусодираи мол дар Тоҷикистон: Мушаххас шуд, чӣ ба кадом ниҳод дода шавад

Дар Тоҷикистон мушаххас шуд, ки моли мусодирашуда вобаста ба навъаш ба кадом ниҳод супорида шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии кишварро қабул намуд, ки масоили марбути мусодираи молу амволро мушаххас мекунад, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зимни шарҳи тағйироти нав гуфт, то ҳол бархе гуногунфаҳмиҳо байни мақомоти давлатӣ мавҷуд буд.
Саидвализода гуфт, бар асоси тағйирот дар таҳрири нав, маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба мақомоти молиявӣ супорида мешаванд.
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон баъди қудратгирии толибҳо дар Афғонистон
"Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворию молиданӣ ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд", - гуфт сардори Хадамоти иҷро.
Бо амволи давлат дар Тоҷикистон асосан Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сарукор дорад.
Саидвализода зикр намуд, ки мутобиқи моддаҳои 198 ва 201-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, суде, ки ҳукм бароварда, дар он ба сифати ҷазои иловагӣ мусодираи молу мулк пешбинӣ намудааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он варақаи иҷро, нусхаи рӯйхати молу мулк ва нусхаи ҳукмро ҷиҳати иҷро ба мақомоти иҷро мефиристад.
Инчунин бар асоси тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон, барои иҷро накардан ва ё эҷоди монеа барои татбиқи санади мақомоти иҷро дар ҷумҳурӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, ки то ин дам чунин меъёри таъсиррасонӣ мавҷуд набуд.