ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард, ки тибқи нишондоди он, пули русӣ ноустувориро идома медиҳад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 148,6 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 150,2 сомонӣ медоданд.
Арзиши арзи аврупоӣ бошад, каме боз поин рафта, дар бозори кишвар ҳоло як евро 12.8458 сомонӣ қимат дорад.
Ин асъор ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки он зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш эҳтимол бештар аз ин бошад.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2946 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7584 то 12.9300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1535то 0.1545 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.