ДУШАНБЕ, 18фев — Sputnik. Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои баёни таъзия ба хонаводаи Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба хонаи ӯ рафтанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раиси виляти Хатлон.
Ёдовар мешавем, ки 17 феврали соли равон Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Аловуддин Абдуллоев дар синни 57-солагӣ даргузашт.
Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон аст ва фаъолияти худро аз Театри драмаи мусиқии Қурғонтеппа оғоз кардааст.
Дар ин миён ӯ дар чандин намоишномаҳои театрӣ, назири "Антигона", "Бозиҳои аҷиб", "Аршин Малалон", "Лаку Пак", "Давлати Сомониён" ва филмҳои маъруфи "Бародар", "Падари моҳтобӣ", "Туҳмат", "Қиёми рӯз" ва ғайра нақшофаринӣ кардааст.
Бузургтарин ёдгори ӯ силсилабарномаи махсуси телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” аст, ки ӯ нақши чандин қаҳрамонро иҷро мекунад ва муҷиби шуҳрати беандохаи ӯ шудаанд.
Бояд гуфт, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қаблан бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, вусъат бахшидани ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба гурӯҳи навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон сафари корӣ дошт.