Маслиҳати Шӯрои уламо ба сокини Душанбе, ки аз роҳ пул ёфтааст

Як сокини шаҳри Душанбе аз Шӯрои уламои Тоҷикистон суол кардааст, ки бо пули аз роҳ ёфтааш чӣ кор кунад, ки аз нуқтаи назари шаръӣ гунаҳкор нашавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз нуқтаи назари шариат тавзеҳ додааст, ки сокинон бо пули аз роҳ ёфтаашон бояд чӣ кор кунанд.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки худро Парвиз муаррифӣ кардааст, ба ин ниҳод хабар додааст, ки аз назди гуразгоҳи меҳмонхонаи "Душанбе" маблағ ёфтааст.
"Ягон кас набуд, ки пурсам аз кист. Ба ин маблағ ниёз дорам. Чӣ кор кунам, ки фардо назди Худованд ҷавобгар набошам?", - суол додааст сокини Душанбе ба Шӯрои уламо.
Вазир: даромади аҳолӣ 2 баробар зиёду миёнаҳолҳо бештар мешаванд
Шӯрои уламо дар сомонааш ба ин суол посух додааст, ки ин маблағи ёфтшуда дар назди шумо амонат мебошад ва маслиҳат додааст, ки соҳибаш пайдою пул баргардонда шавад.

"То ҳадди имкон саъй кунед, ки соҳиби аслии он пайдо гардад. Агар арзиши маблағи мазкур аз ҳафт мисқол нуқра болотар аст, то муддати як сол соҳиби онро суроғ кунед", - таъкид намудааст шӯро.

Ин ниҳод дар мавриди он ки агар соҳиби маблағ пайдо нашавад, изҳор доштааст, ки бар асоси шариат, дар ин ҳолат бояд онро садақа кард.