Коронавирус боиси лағви бозии тимҳои Тоҷикистон ва Македонияи Шимолӣ шуд

Баргузории бозии тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Македонияи Шимолӣ, ки дар доираи тамринот дар Туркия дар назар буд, лағв гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон далели лағви бозии мунтахаби ҷавонони то 20-солаи кишвар бо ҳамтоёнаш аз Македонияи Шимолиро гирифторӣ ба коронавирус гуфт.
Ба иттилои ФФТ, тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) феълан дар машқҳо дар Туркия қарор дошта, дар маҷмаи варзишии "Арслан Зеки Демирчи"-и Сиде тамрин мекунад.
Навори лаҳзаҳои ҷолиб ва голборони тими Тоҷикистон аз сӯйи дастаи Афғонистон - видео
Манбаъ зикр кард, ки дар доираи машқҳо рӯзи 16 феврал бозӣ бо Македонияи Шимолӣ дар назар буд, ки баргузор намешавад.

"Сабаби чунин тасмим ташхиси мусбати коронавирус миёни чанд бозигари Македонияи Шимолӣ мебошад", - омадааст дар иттилоия.

Интизор меравад, ки ба ҷои македониҳо тими Тоҷикистон рӯзи 16 феврал бо бозигарони тими даниягии "Фрем" вориди майдон шавад.
Дар баробари ин бозии дастаи Тоҷикистон бо бозигарони тимҳои русиягӣ - "Чертаново", "Криля Советов" ва дастаи мизбон - Туркия дар назар аст.