ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд тайи соли гузашта 8 ҳазору 184 ҳолати гирифторшавии аҳолӣ ба бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Сарраёсати омори Суғд бо такя ба мақомоти тандурустии кишвар хабар дода, афзуд, мубталошавӣ зиёд гардидааст. Манбаъ таъкид намуд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ дар соли 2021 дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2020 ҳудуди 2,5% афзоиш ёфтаанд.
Таъкид шудааст, ки қисми зиёди ин бемориҳо ба гепатитҳои шадиди вирусӣ рост меояд, ки 24,4%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда дар теъдоди умумии бемориҳо 30% арзёбӣ шудааст.
Ба иттилои мақомоти омор, тайи 12 моҳи соли гузашта беш аз 6,7 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои паразитӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли пешӣ 3,3% зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки маҳсулоти доруворӣ ва хидматрасониҳои бахши тандурустӣ тайи соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон гарон шудаанд.
Мақомоти омори кишвар дорувориро дар феҳрасти молҳои гароншуда ворид намуда, таъкид кардааст, ки нархаш тайи соли гузашта 5,3% афзудааст.
Ба феҳрасти хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки арзишашон тайи соли 2021 боло рафтаст, хадамоти бахши тиббӣ низ ворид мешавад. Сарраёсати омори вилояти Суғд мегӯяд, нархи хадамоти тандурустӣ дар шимоли кишвар 11,4% гарон шудааст.