ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко дар суҳбат бо KP.RU шарҳ дод, ки чаро ҷараёни бемории раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский шадид шуд. Ба гуфтаи ӯ, нагирифтани табобати саривақтӣ ӯро ба ин натиҷа овардааст.
Онишенко қайд кард, ки сиёсатмадор аз зуд бистарӣ шудан худдорӣ кард ва ҳоло дар ҳолати хуб қарор надорад.
Раҳбари собиқи "Роспотребнадзор" бовар дорад, ки Жириновский метавонист аз мушкилиҳо канорагирӣ кунад, агар ӯ дар оғози бемории коронавирус фавран ба беморхона мерафт.
Онишенко таъкид кард, ки Жириновский дар бораи риояи чораҳои зидди COVID ҷиддӣ буд, дар маҷлисҳо дастпӯшак ва ниқоб мепӯшид ва инчунин кӯшиш кард, дар толорҳое, ки ҳамоишҳо баргузор мешуданд, то ҳадди имкон камтар бимонанд.
Ёдовар мешавем, бар асари гирифторӣ ба коронавирус Жириновскийро рӯзи 2 феврал ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.
Ҳатто он вақт дар расонаҳо иттилое нашр шуд, ки гуфта мешуд, ин сиёсатмадор дар ҳолати вазнин бинобар гирифторӣ ба илтиҳоби шадиди шуш қарор дорад.
Зимнан канали "Telegram 112" хабар нашр кард, ки Жириновский ба дастгоҳи ИВЛ пайваст шудааст.
Феълан сиёсатмадор зери назорати қатъии табибион қарор дорад ва маълум нест, ки ӯ кай аз бемористон мураххас мешавад.
Табибон мегӯянд, дар ин бора ҳарф задан ҳоло хеле барвақт аст.