ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар роҳҳои ВМКБ хатари фаромадани тарма ҷо дорад, хабар медиҳад КҲФ.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 14 феврал дар роҳҳои мошингарди Хоруғ - Ишкошим ва Рӯшон - Бартанг лағзиши панҷ тарма ба қайд гирифта шуд, ки бо талоши кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт поккорӣ шуд.
Гуфта мешавад, аз офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, кумита ҳушдор медиҳад, ки бо вуҷуди тоза кардани роҳ аз ғарами барф ва боз шудани масир барои ҳаракати нақлиёт, хатари фаромадани тарма ва резиши санг ҳамоно ҷо дорад.
Илова бар ин, КҲФ мегӯяд, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, риштакӯҳҳои Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ омадани сел ҳам аз эҳтимол дур нест. Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад муваққатан аз сафарҳои безарурат ба ин минтақаҳо худдорӣ кунанд.
Гузашта за ин, кумита аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, зеро боло бурдани суръат ва риоя накардани фосилаи байни мошинҳо сабабгори асосии сар задани садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ мегарданд.