ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Вазъи раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский вазнин аст.
Дар ин бора шабакаи телевизионии "112" хабар медиҳад.
Саломатии сиёсатмадор бинобар равандҳои илтиҳобӣ дар мағзи сараш зери хатар аст.
Жириновскийро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кардаанд ва ӯ дар бемористони марказии клиникии Маскав зери назорати табибон қарор дорад.
Вазорати тандурустӣ дар бораи вазъи сиҳҳати сиёсатмадор гуфт. Ин ниҳод гуфтааст, ба Жириновский кӯмаки заруриро идома медиҳад ва ҳоло дар бораи мураххас шудани ӯ ҳарф задан барвақт аст.
Кремл аз бистарӣ шудани ин сиёсатмадор хабар дорад. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба ӯ ва ҳамчунин ба раҳбари Ҳизби коммунистии Русия Геннадий Зюганов, ки низ дар беморхона аст, саломатии бардавом таманно кард.
Ёдовар мешавем, Жириновский рӯзи 2 феврал ба иллати гирифторӣ ба коронавирус ба бемористон интиқол ёфт.
Он вақт расонаҳо хабар доданд, ки сиёсатмадор дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Қаблан дафтари марказии Ҳизби либерал-демократӣ даъват карда буд, ки ба овозаҳо дар бораи марги Жириновский бовар накунанд.
Намояндагони ин созмони сиёсӣ аз афзоиши шумори қаллобоне, ки мехоҳанд, ин ҳизбро дар назди мардум бадном кунанд, хабар доданд.
"Таҳлилгарон ба аъзои ҳизб занг зада, худро кормандони дафтари марказии Ҳизби либерал-демократӣ муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Владимир Жириновский фавтидааст.
"Мо расман эълон мекунем: ин дурӯғ аст!" — кайд карда мешавад дар хабар.
Вакилони ҳизб ба далели интишори маълумоти бардурӯғ дар бораи марги Жириновский аллакай ба ниҳодҳои қудратӣ муроҷиат кардаанд.