"Барқи тоҷик" гуфт, бузургтарин қарздораш аҳолӣ аст: Ба ҳар кас 140 сомонӣ мерасад

“Барқи тоҷик” мегӯяд, ки бузургтарин қарздор дар назди ширкат аҳолии ҷумҳурӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, давоми соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо бинобар пардохт нашудани маблағҳои нерӯи барқи истифодашуда аз тарафи онҳо 241 миллон сомонӣ афзудааст.
Масъулини ин ниҳод зимни нишасти хабарияшон иттилоъ доданд, ки дар соли гузашта қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон аз "Барқи тоҷик" зиёда аз 75 миллион, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 69,3 миллион, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ зиёда аз 20,4 ва аз аҳолӣ 41 миллион сомонӣ афзудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, то 1 декабри соли 2021 қарзи истифодаи нерӯи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин, дар маҷмуъ 3 миллиарду 316 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Аз ин қарз 1 миллиарду 384 миллион сомонияш ба аҳолии кишвар рост меояд.
Тибқи охирин омор, шумораи аҳолии Тоҷикистон то якуми январи соли 2021 9 миллиону 838 ҳазору 400 нафарро ташкил додааст.
Агар қарзи аҳолӣ аз барқро ба сурати умум тақсим кунем, пас ба ҳисоби миёна барои ҳар нафар сокини кишвар ҳудуди 140 сомонӣ мерасад.
Маблағ ба андозаи сеяки ММД: "Барқи тоҷик" чӣ қадар қарздор аст?
КВД “Шир­кати Алюминийи Тоҷик” 459,4 млн, корхонаю хоҷа­гиҳои кишоварзӣ 206,3, ҶСК НБО "Роғун” 36,2, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ зиёда 373,1, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 112,4 миллион сомонӣ пули барқро барнагардонидаанд.
Инчунин КВД “Обу корези ҷумҳурӣ” ба маблағи 53,5 ва КМ "Тоҷиккимиёсаноат" 34,2 миллион сомонӣ аз "Барқи тоҷик" қарздор будаанд.
Ширкат мегӯяд, маблағи ҳисобишудаи нерӯи барқи умумӣ (бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) 3 млрд. 322 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 193 млн. сомониро ташкил дод.
Маблағи ҷамъоваришуда аз корхонаҳо 3 млрд. 113 млн. ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 152 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385,1 млн. сомонӣ ё 14,1% зиёд ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад, 63,5 млн. сомонӣ ё 5,8% зиёд гардидааст.
Дар ҳамин ҳол қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди дигар корхонаву идораҳо то аввали соли 2022 ба 32,3 миллиард сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар расидааст.