Роҳи Хоруғ-Ишкошим баста шуд: сабаб

Дар ду мавзеи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарма фаромада боиси баста шудани ҳаракати нақлиёт шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ду тарма дар роҳи Хоруғ - Ишкошим роҳи нақлиётро пурра баст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ин ҳодиса рӯзи гузашта, 13-уми феврал соати 16:30 дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ки дар километри 31-32 роҳи Хоруғ-Ишкошим дар мавзеъи Баржири ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 ум мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра баст.
Барои тоза намудани роҳ дар ноҳияи Ишкошим 1-адад техникаи муҳандисии булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, шмгоҳ роҳи бастаи километрҳои 51-52 уми мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим ба пуррагӣ боз шудааст.
"Корҳои бартарафсозии паёмадҳои тарма дар километри 31-32 мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим идома дошта, айни ҳол роҳ баста мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим, мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ ва тахминан соатҳои 18:00 дақиқа дар километрҳои 30-уми деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан бастааст.
Бо ҷабли 1-адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталӣ роҳ тоза карда шуда ва боз шудааст. Ҳоло равуои нақлиёт ба ду самт ба роҳ монда шудаву монеъае нест.
Борон, барф, меғ, гармӣ ва то 50 дараҷа сардӣ: ҳавои февралии Тоҷикистон сюрпризҳо дорад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд.
Кумита ҳушдор медиҳад, ки баъди боришоти рӯзҳои охир гармии ҳаво боис шудааст, ки хавфи лағзиши тармаву резиши санг бештар шавад.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд.