Борон, барф, меғ, гармӣ ва то 50 дараҷа сардӣ: ҳавои февралии Тоҷикистон сюрпризҳо дорад

Дар ҳоле, ки ҳарорати ҳаво дар шарқи ВМКБ то -50 дараҷа сард боқӣ мемонад, барои сокинони марказии кишвар гармӣ хоҳад омад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон офтобӣ ва гарм шуда, танҳо рӯзҳои охир сокинони бисёре аз минтақаҳоро бориш интизор аст.
Дар ин бора Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар давоми ҳафта ҳавои гарм дар назар аст. Аллакай рӯзи ҷумъаи 18 феврал ҳарорати рӯзона то 11-13 дараҷа ва шабона аз 3 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 17 ва 19 феврал эҳтимоли боришоти кӯтоҳмуддат дар шакли борон вуҷуд дорад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад, дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд. Дар водиҳо шабона аз 3 то 2 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 9 дараҷа гарм, рӯзона 0-5 дараҷа ва дар баъзе ҷойҳо то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли Тоҷикистон, рӯзи 17-уми феврал борони кӯтоҳмуддат ва дар рӯзҳои истироҳат бориши барф пешгӯӣ шудааст.
Дар баробари ин тамоми ҳафта офтобӣ буда, дар шаҳри Хуҷанд баъзан бод то 15 метр дар як сония мевазад.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Ҳаво шабона ва рӯзона 4-6 дараҷа, 18 феврал то 10 дараҷа гарм, вале дар кӯҳҳо шабона то 10-15 дараҷа ва рӯзона -4...+1°С гарм мешавад.
Аз рӯзи панҷшанбе сар карда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши барф оғоз мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то -10 дараҷа, рӯзона 0...+2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Мурғоб шабона 15—17, рӯзона 4 дараҷа, дар шарқи ВМКБ шабона то 38 дарача ва дар мавзеи Булункул то 50 дараҷа сард мешавад.
Дар ҷануби кишвар, дар вилояти Хатлон тамоми ҳафта гарм ва то рӯзи шанбе бебориш мешавад.
Ҳаво рӯзона 14 дараҷа ва шабона аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад. 19 феврал борон меборад ва то чанд дараҷа хунукй дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо шабона тақрибан 6 дараҷа ва рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад.