ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ бо Афғонистон баъди ба сари қудрат омадани толибҳо дар соҳаи истилоҳот қатъ шудааст.
Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта бо Афғонистон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши забону истилоҳот баста шуд, аммо бо омадани толибҳо ба сари қудрат фаъолияти ин созишнома муваққатан қатъ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳои умдатан паштузабон моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз таҳкими ҳамокриҳо бо Эрон дар бахши забон хабар дод.
Олимҷон Муҳаммадзода гуфт, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон дар бахши забон ва истилоҳот ҳанӯз соли 2015 ба тасвиб расида буд, аммо амалан ҳамкорӣ дар ин бахш соли гузашта таҳким ёфт.
Ӯ афзуд, ки бо сафири Эрон дар Тоҷикистон низ ҳамкориҳо дар бахши забону ҳамгунасозии истилоҳот баррасӣ гардида, интизор меравад, ки соли равон вусъат дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон аз ҷумлаи кишварҳои ҳамзабон мебошанд, ки муштаракоти зиёди забонию фарҳангӣ доранд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди тоҷикони Афғонистонро ҳудуди 45 дарсад арзёбӣ мекунанд ва забони форсӣ дар ин кишвар забони муоширати байни ақаллиятҳои миллӣ низ шинохта шудааст.