Намояндаи Думаи давлатӣ даст кашидан аз хидмати муҳоҷиронро ғайриимкон хонд

Намояндаи Думаи давлатии Русия андешаҳояшро дар бораи пурра даст кашидан аз хидмати муҳоҷирон ва ба чӣ пайомад овардани онро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Даст кашидан аз кори муҳоҷирон амалан ғайриимкон аст, зеро бисёре аз шаҳрвандони Русия намехоҳанд, корҳоеро анҷом диҳанд, ки онҳо мекунанд, гуфт Илдар Гилмутдинов, муовини аввали раиси Кумитаи миллатҳои Думаи давлатӣ.
Сиёсатмадор дар мусоҳиба бо радиои "Говорит Москва" дар бораи бартариҳои шаҳрвандони хориҷӣ барои бозори меҳнат ибрози назар кард.

"Бисёр одамон мегӯянд, ки "биёед, аз ҳамаашон даст мекашем". Хуб, мо ин корро кардем. Пас он гоҳ корҳоеро, ки мо бо сабабҳои гуногун, аз қабили маоши кам, мушаххасоти кор анҷом дода наметавонем, кӣ мекунад?",- гуфт Гилмутдинов.

Намояндаи Думаи давлатӣ афзуд, ки дар сурати чунин радкунӣ бисёр минтақаҳо зарар мебинанд, чун шаҳрвандон дар он ҷо барои рафтан ба кор шитоб намекунанд.
Вай ба унвони мисол бахши манзилию коммуналиро зикр кард: коре, ки он саъю кӯшиши ҷиддии ҷисмониро дар бар мегирад ва аз корманд истодагарӣ талаб мекунад.
Медведев хост, назорат бар муҳоҷирон дар Русия пурзӯр шавад
Қаблан раҳбари Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) Антон Глушков камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонро арзёбӣ карда буд.
Глушков қайд кард, ки дар оянда дар Русия ҳаҷми тайёр кардани мутахассисони ватаниро мунтазам зиёд кардан ва ҷавононро ба истеҳсолот ҷалб кардан лозим аст, ки ин вақтро талаб мекунад.
Аммо дар ояндаи наздик аз кори муҳоҷирон дар сохтмонҳо даст кашидан имкон надорад.