Таҳдид ё ҳушдор: пушти тамринҳои баҳрии Русия чӣ нуҳуфтааст?

Машқҳои дарёии Федератсияи Русия дар баҳри Сиёҳ як эпизоди минтақаии машқҳои васеъмиқёси нерӯҳои баҳрии Русия дар уқёнуси ҷаҳонӣ як намоиши оперативӣ-стратегии иқтидори ҷангии (бартарияти) флотҳои заиф аз “шарикон”-и аврупоӣи бепарво мебошад
Sputnik
Рӯзҳои 13-19 феврал дар баҳри Сиёҳ ва минтақаҳои ҳамшафати баҳри Азов гурӯҳҳои тактикии нерӯи дарёии Русия машқҳои тирандозӣ анҷом медиҳанд.
Киштиҳои минарӯби флоти баҳри Сиёх аллакай фарвартерҳоро тоза, минаҳои шартии баҳриро несту нобуд карданд ва супоришхои мудофиа аз хуҷуми ҳавоиро тамрин намуданд. Комплексҳои соҳилии зидди киштии "Бастион" дар Қрим ва Краснодар ба минтақаҳои муқарраршуда барои тирпарронии мушакӣ ба ҳадафҳои баҳрӣ сафарбар шуданд.
Миқдори умумии мушакҳои киштиҳо, киштиҳои зериобӣ ва системаҳои мушакии соҳилии Флоти баҳри Сиёҳ то аз нав бор кардани комплексҳо зиёда аз 200 кулоҳакро ташкил медиҳад.
Танҳо шаш киштии зериобии дизелӣ-электрикии лоиҳаи 636.3 "Варшавянка" қодиранд, бо 24 мушаки "Калибр" як зарба зананд. Се фрегати “Project 11356R” метавонанд дар як вақт ба ҳамон миқдор мушакҳои болдорро ба ҳадаф расонанд.
Тафовути размоиши Русия ва Беларус аз тамринҳои низомии НАТО
Чаҳор киштии мушакии хурди лоиҳаи 21631 “Буян-М” дар Флоти баҳри Сиёҳ боз 32 ”Калибр” илова мекунанд ва низ маҷмаъҳои соҳилии “Бал”-у “Бастион” 130 мушаки дақиқи баландпарвоз, ки қодиранд, ба ҳадафҳои баҳрӣ ва заминӣ зарба зананд, ба ин илова мешаванд, сарфи назар аз он ки дар бригадаи ракетӣ бо КТРК-и сайёри “Искандар” дар қисми аврупоии ФР бештар аз 270 кулоҳаки ҷангӣ, муқаррарӣ ё ядроӣ (то 50 килотонна) мавҷуд аст. Дар пасзаминаи ин қувваи зарбазану мавозеъ ва таслиҳоти нерӯҳои хориҷии НАТО дар Аврупои Шарқӣ як умдӯгоҳи пешоҳангӣ аст.
Дар ҳамкорӣ бо қувваҳо ва воситаҳои Флоти баҳри Сиёҳ экипажҳои Су-34-и Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ рӯзи 11 феврал ҳадафҳои шартиро дар стратосфера нобуд карда, дар баландиҳои ниҳоят паст - тақрибан 100 метр аз системаҳои зиддиҳавоии "душман" канорагирӣ карданд.
Дар базаҳои асосии ҳарбии баҳрии Флоти баҳри Сиёҳ — Севастопол ва Новороссийск бо иштироки зиёда аз 200 нафар аз нерӯҳои махсус бо ҳавопаймо, таҷҳизоти истихбороти зериобӣ ва киштиҳои рӯиобӣ машқҳои комплексии зиддитахрибӣ барпо гардиданд.
Мақомоти Русия дар таҳкими NOTAM манотиқи бастаи баҳр ва фазои ҳавоии болои онҳо дар ҷараёни машқҳоро нишон доданд. Бо вуҷуди ин овозаҳо дар бораи муҳосираи пурраи соҳилҳои Украина хеле муболиғаанд. Кремл дирӯз гуфт: "Манёврҳои низомии киштиҳои Русия дар баҳри Сиёҳ тибқи қонунҳои байналмилалии баҳрӣ сурат мегиранд."
Аммо ин имкони иғвогариҳои НАТО-ро дар услуби нови англисии HMS “Defender”, ки пештар ба он чое, ки бояд намебуд, баромада буд ва дар рафти курс таҳти оташ ва бомбаборон қарор гирифт, истисно намекунад. Ҳар як флот, ки ба баҳри Сиёх бо ниятҳои тачовузкорона ба мукобили ФР медарояд, фавран нест карда мешавад.

Дар Одесса десантонро мунтазиранд

Отряди киштиҳои азими десантии Флоти ҳарбии баҳрии Русия аз Балтика ба баҳри Сиёҳ гузашт. 10 феврал аз Флоти Балтика киштиҳои калони десантии "Королев", "Минск", "Калининград", инчунин аз Флоти шимолӣ киштиҳои десантии "Пётр Моргунов", "Георгий Победы", "Оленегорский шахтёр" ба Севастопол омаданд.
Киштиҳо захирахои худро пурра мекунанд, экипажхо ба иҷрои вазифаҳои ҷангӣ шуруъ мекунанд. Дар робита ба ин Киев аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина даъват кард, ки барои рафъи ҳамлаи амфибия дар Одесса омода бошанд.
Дабири НАТО гуфт, аз нияти Русия дар мавриди Украина огоҳ нестанд
Дар таҳаввулоти қобилиятҳои амалиётии флоти Русия аҳамияти КБД пайваста меафзояд. Амалиёти ҷангии нерӯҳои Русия дар Сурия аҳамият ва зарурати киштиҳои муосири десантии бузургро, ки қодир ба ҷобаҷоии нерӯҳо ва таҷҳизоти низомӣ дар масофаи қобили таваҷҷуҳе мебошанд, тасдиқ кард.
“Пётр Моргунов”, ки қаблан зикр шуда буд, аввалин киштии силсилавии лоиҳаи 11711 мебошад. Навтарин киштиҳои десантии ин лоиҳа қодиранд, ки 300 пиёдагарди баҳрӣ, 13 танк ё 36 мошини ҷангии пиёда, ду чархболро дар ҳама гуна комбинатсия қабул кунанд.
Шаш КБД-и Русия дар баҳри Сиёҳ қодиранд, ҳамзамон як бригадаи баҳрӣ, тақрибан 80 танк ё 200 мошини ҷангии пиёдагардонро дар соҳили душмани эҳтимолӣ, ки аз тири мушак ва тӯпхона пок карда шудааст, ҷойгир кунанд.
Аслиҳаи асосии лоиҳаи 11711 КБД ду артиллерияи шашбаррелии АК-630М "Дуэт"-и дорои калибри 30 мм бо системаи назорати оташфишонии радарии “Ласка” мебошад.
Дар зарфхои 40-метра ("Калибр") яроқи мушакиро ҷой додан мумкин аст. Бо вуҷуди ин тарси режими Киев бармаҳал аст. Пеш аз вуруди фарзияи Украина ба НАТО Одесса метавонад оромона хоб кунад. Ҳаёти осоиштаи Аврупои Шаркиро бо баҳонаи дуру дарози "таҳдиди Русия" фақат блоки НАТО мунтазам вайрон мекунад.

“Drang nach Osten 2022”

Дар тӯли сол ҳузури нерӯҳои хориҷии ин паймон дар минтақаи баҳри Сиёҳ 60 дарсад афзоиш ёфт ва дабири кулли Йенс Столтенберг дирӯз аз истиқрори иловагии ҳудуди 1000 сарбози амрикоӣ дар Руминия бо таваҷҷуҳ ба Украина хабар дод. Ва имрӯз ҳамроҳи президенти Руминия Клаус Йоҳаннис аз базаи ҳарбии Михаил Когалничеану дар Константса дидан кард. Ва ин ба Молдови ҳамсоя чизи хубе ваъда намекунад.
Ба Лаҳистон интиқоли қисмҳои Дивизияи 82-юми десантии Пентагон давом дорад. Киев ва Варшава нақшаҳои истиқрори нерӯҳои Лаҳистонро дар қаламрави Украина дар Ковел, Лутск, Стрий ва Мукачево ҳамоҳанг мекунанд. Масъалаи ташкили "иттифоқи хурд"-и таҷовузкоронаи Украина, Лаҳистон ва Британияи Кабир муҳокима мешавад.
Ва вақте сафирони Русия дар Бухарест ва дигар пойтахтҳои Аврупо таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллиро ба таҳдиди воқеӣ равона мекунанд, саъй мекунанд, ки њақиқатро пай набаранд ва ё дипломатҳои русро барои пешниҳод ва ислоҳ ба Вазорати умури хориҷӣ даъват мекунанд.
"Пургӯӣ" – посухи ИМА ва НАТО ба дархостҳои марбути амнияти Русия
Ба "шарикон"-и ғарбӣ Конвенсияи Монтре, ки ба ҷойгиршавӣ ва вақти дар минтақаи баҳри Сиёҳ сарф кардани киштиҳои ҳарбии мамлакатхои баҳри Сиёҳ набудани НАТО ба таври ҷиддӣ маҳдуд карда мешавад, хеле халал мерасонад. Минтақаро аз ҳама қоидаҳо "озод" кунед. Орзуи қадимии амрикоиҳо, аммо то ҳол аз конвенсия канорагирӣ кардан ё бекор кардан имкон надошт.
Паймон бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки ҷаҳони минтақаро ба ларза оварад, ба зудӣ нерӯи баҳрии Украина мушакҳои зидди киштии Бритониёро хоҳад гирифт, аммо онҳо барои иғвогарон мувофиқанд.
Интиқоли густурдаи аслиҳаи амрикоие, ки дар шароити ҷанг озмуда нашудааст, ба Киев идома дорад. Мавқеи милитаристӣ ба муқобили Донбасс пурзӯр мегардад. Режими Киев бо дастури Вашингтон ошкоро аз иҷрои созишномаҳои Минск саркашӣ мекунад.
Даври дигари музокирот дар формати Нормандия дирӯз бидуни натиҷа анҷом ёфт. Ба гуфтаи Сергей Наришкин, раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, Киев нақшаи тасарруф бо зӯри қаламравҳои шӯришгаронро таҳия мекунад.
Тороҷи Аврупо. Амрикоиҳо ҳампаймонони худро ғорат мекунанд
Хотиррасон мекунам, ки дар Донбасс зиёда аз 720 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Русия зиндагӣ мекунанд. Маскав ба ҳар як кӯшиши генотсиди аҳолии осоишта ногузир вокуниш нишон медиҳад. Ва тасодуфӣ нест, ки Департаменти давлатӣ бори дигар аз шаҳрвандони ИМА талаб мекунад, ки ба таври фаврӣ қаламрави Украинаро тарк кунанд ва фраксияҳои Думаи давлатии Федератсияи Русия таъминоти низомӣ ва эътирофи ҶХД ва ҶХЛ-ро баррасӣ мекунанд. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунин хатари авҷ гирифтани авзоъ дар шарқи Украинаро дар назар дорад.

Наҷоти Аврупо

Федератсияи Русия ба таври объективӣ кӯшиш мекунад, ки ИМА аз ҷаҳони кухна берун кунад ва бо ҳамин аврупоиёнро аз фалокатхои ҷанги ҳастаӣ наҷот дихад. “Ҷамъоварии бузург”-и се крейсери тавонои мушакии Флоти ҳарбии баҳрии Русия дар баҳри Миёназамин огоҳии ҷиддӣ аст: Маскав аз ин иқдоми худ даст нахоҳад кашид, ба амнияти тақсимнашаванда ва баробар талаб мекунад ва ба ҳар як тири Аврупо ҷавоби ҳамсон медиҳад.
Воқеан нерӯҳои НАТО бештар ба эвакуатсияи фаврӣ мутобиқ шудаанд, на ба ҷанг бо душмани технологӣ. Ба Вашингтон ва Брюссел барои баргаштан ба воқеияти мавҷудаи ҷаҳони бисёрқутбӣ каме вақт лозим аст.
Қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфта буд, ки тамринҳо дар баҳри Миёназамин "ба таври доимӣ баргузор хоҳанд шуд". Манёврҳои нерӯҳои дарёии Русия бо ширкати 140 киштии ҷангӣ ва ҳудуди 10 000 низомӣ манотиқи баҳрҳои Шимолу Охотск, уқёнусҳои Атлантик ва уқёнуси Оромро фаро мегиранд.
Маскав ба касе таҳдид намекунад, аммо афзоиши фаъолияти низомӣ ва тавсеаи минбаъдаи НАТО роҳи мустақими ҷанг бо Русия аст, ки қодир аст, Вашингтон ва Брюсселро аз замин пок кунад. Ихтилофоти байни Ғарб ва РФГ барои тамоми сайёра хавфнок аст.
Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии ИМА дар Аврупо, генерал Ҷеффри Ҳарриҷян рӯзи 10 феврал гуфт, ки тарҳрезӣ ва интиқоли маблағ барои ҳифзи муттаҳидони НАТО дар сурати таҷовузи Русия аллакай идома дорад.
Дар ҳамин ҳол барандаи ҷоизаи Нобел, доктор Ира Ҳелфандро дар “The Nation” навиштааст:
"Агар муноқиша берун аз марзҳои Украина паҳн шавад, НАТО вориди ҷанг мешавад ва ҷанги бузург бо ҷалби нерӯҳои ҳастаӣ оғоз мешавад."
Ин олим пешгӯӣ кардааст, ки дар ним соати аввал дар Иёлоти Муттаҳида 78 миллион қурбонӣ мешавад, агар Федератсияи Русия аз 3500 кулоҳаки ҳастаӣ камаш 300-тоашро истифода барад, тамоми инфрасохтори Амрико хароб хоҳад шуд. Дар давоми якчанд моҳ аксарияти куллии аҳолии ШМА аз гуруснагӣ, касалиҳои радиатсионӣ ва эпидемй мемиранд.
Чунин талафот ва харобӣ ба Канада ва аксарияти мамлакатхои Аврупо низ тахдид мекунад. Оё мумкин аст, ки баро таъмини "ҳуқуқи худмуайянкунии халқҳо дар НАТО" чунин амалҳое сурат гиранд? Суол риторикӣ аст.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.