ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Яке аз чаҳор муттаҳам дар ҳамла ба мағозаи "Пятерочка" дар Истраи вилояти Маскав гуфтааст, ба гуноҳи худ иқрор намешавад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ин боздоштшуда, ӯ ният дорад, аз болои қарори ҳабсаш шикоят кунад.
Гуфта мешавад, ки Зафар Худойқулов дар оғоз ба гуноҳаш иқрор шуду баъдан аз он даст кашид.
Айбдоршаванда изҳор дошта, ки ба гуноҳаш иқрор намешавад, чун тасодуфан дар ҷойи ҷиноят қарор гирифтааст.
Қаблан додгоҳи Истраи вилояти Маскав чаҳор зодаи Тоҷикистонро боздошт карда буд.
Ҳабибулло Муҳамадиев, Зафар Худойқулов, Назирқул Бобоқулов ва Акбаралӣ Бурҳонов ба ғорати як мағозаи "Пятерочка"-и ноҳияи Истра, ки дар натиҷаи он хазинадори мағоза ба ҳалокат расидааст, муттаҳам мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 8 феврал афроди ношинос ба як мағоза дар рустои Новопетровск ворид шуда, хазинадорро шадидан латукӯб карданд.
Дар навор дида мешавад, чӣ гуна Людмила Вяткинаи 51-сола то охир муқовимат нишон дода мехост, фирор кунад.
Аммо ҳамлагарон чун диданд, ки зан аз ҷойяш бархост, ӯро бо дастчӯб боз заданд.
Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Гумонбарон дар ин ғорат, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар давоми чанд соат дастгир ва ҳувияти онҳо муайян карда шуд.
Ҳамлагарон дар рустои Чесноково дар ҳудуди ноҳияи Истра боздошт шуданд.