ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ахиран Петр Сегрти хорватӣ мураббии тими миллии Тоҷикистон шуд. Мураббии нав ба тамрини аввали даста омода шуда, бо номи бозигарони шинохтаи тими миллӣ ошно мешавад.
Sputnik Тоҷикистон ба коршиносони футбол муроҷиат кард, то бифаҳмад, ки мухлисони тоҷик аз мутахассиси хорватӣ чӣ интизоранд.
Мубин Эргашев, мураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки қаблан ба ҳайси мураббии тими мунтахаби кишвар низ фаъолият дошт, қайд кард, аз Сегрт натиҷаи хуб интизор аст.
"Ростӣ, ман дар бораи Петр Сегрт маълумоти муфассал надорам, ки ӯ чӣ гуна мураббӣ аст, чӣ гуна фалсафа дорад. Дар бораи ӯ чизе гуфта наметавонам, ба ҷуз он ки дигарон дар борааш менависанд", - қайд кард Эргашев.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки мураббии хорватӣ бо тими мунтахаби кишвар натиҷаҳои хуб ба даст оварда, ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.
Агенти футбол Кова Тилавпур низ умедвор аст, ки тими мунтахаби кишвар натиҷаи хуб ба даст орад ва хорватӣ метавонад соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё шавад.
"Бо омадани ҳар як мураббии нав ба тими миллӣ ҳамаи мо, мухлисон ба натиҷаҳои хуб ва расидан ба ягон мусобиқаи калон бовар дорем. Мо дер боз орзу доштем, ки ба Ҷоми ҷаҳонии футбол ворид шавем, вале ҳоло вазифаи асосӣ ин аст, то ба Ҷоми Осиё роҳ ёбем”, - гуфт Тилавпур.
Коршинос афзуд, ки агар Сегрт ба зудӣ ба натиҷае ноил нагардад, аз тими мунтахаби кишвар хориҷ мешавад.
Дар ҳамин ҳол мураббии маъруфи тоҷик, собиқ мураббии тими футзали Тоҷикистон ва собиқ бозигари тими мунтахаби футзали Тоҷикистон Дамир Камолиддинов изҳор дошт, дар Тоҷикистон мураббиёне ҳастанд, ки аз уҳдаи кори тими мунтахаби кишвар дар баробари мутахассисони хориҷӣ хоҳанд баромад.
"Дар бораи Петр Сегрт чизе нашунидаам. Аммо умедворем, ки замони ӯ натиҷае хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, ба назари ман, аз мураббии тими миллии Тоҷикистон кам чиз вобастагӣ дорад. Ҳама мураббиён бо як материал, бо ҳамон бозингарон кор кардаанд ва мекунанд", — гуфт Камолиддинов.
Вай афзуд, дар Тоҷикистон мураббиёни тими миллии Тоҷикистон зуд-зуд иваз мешаванд, вале натиҷа ҳамоно боқӣ мемонад.
"Дар Тоҷикистон мисли Ӯзбекистон дар тӯли беш аз 20 сол мураббии тими миллии кишвар дар ҳар 2 сол як маротиба иваз карда мешавад ва натиҷааш ҳамон тавре аст, ки дар Қирғизистон, ки беш аз 10 сол боз мураббии тими миллии кишвар пайваста кор мекунад,"- гуфт мутахассис.
Дамир Камолиддинов изҳори итминон кард, ки ФФТ бояд ба мураббиёни ватанӣ бештар эътимод дошта бошад.
"Онҳо ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи бозигарони моро аз ҳама беҳтар медонанд, зеро онҳо аз хурдӣ дар пеши чашми онҳо ба воя расидаанд. Мубин Эргашев, Рустам Хоҷаев, Виталий Левченко ва ё дигарон метавонанд тими моро сарварӣ кунанд. Дар Тоҷикистон 3-4 мураббии хубе ҳастанд, ки омодаанд, тими мунтахаби кишварро роҳбарӣ кунанд", - иброз дошт мураббии тоҷик.
Сармураббии собиқи дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" Нуъмонҷон Юсупов қайд кард, ки барои мутахассиси хорватӣ кори осон нахоҳад буд, вале бовар дорад, ки натиҷаи муносиб нишон медиҳад.
"Мураббии тими миллӣ будан шараф ва масъулияти бузург аст, албатта, мураббии нави тими Тоҷикистон инро дарк мекунад. Ман дар бораи Петр Сегрт дар интернет хонда будам, аммо қаблан дар бораи ӯ чизе намедонистам. Ман хондам, ки вай дар Афғонистон ва Молдив кор кардааст. Акнун ӯ дар мунтахаби мост. Натиҷа шавад, он муддати дароз кор мекунад. Ҳамааш аз баромади тими милли вобаста аст",- гуфт Юсупов.
Ӯ ба мисли дигар коршиносон қайд кард, ки вазифаи асосии мутахассиси хорватӣ баровардани дастаи футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё мебошад.
"Интихоб барои ӯ хеле душвор хоҳад буд, дастаҳои қавӣ ҳастанд. Аммо ҳоло Тоҷикистон низ як ҳайати хуб, бозигарони хуб дорад, муҳимаш бодиққат омода шудан аст ва метавон хуб ҳунарнамоӣ кард", - гуфт мураббии собиқи "Истиқлол" ва "Хуҷанд".
Ёдовар мешавем, ки номи мураббии нави тими миллиро Федератсияи футболи Тоҷикистон охири моҳи январи соли 2022, пас аз он ки даста тақрибан шаш моҳ бе мураббӣ буд, эълон карда буд.
Тими миллиро мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт раҳбарӣ мекунад.
Аз сабаби қобилияти ба осонӣ пайдо кардани забони умумӣ бо бозигарони ҷавон, мураббӣ лақаби Меъморро гирифт.
Мухлисони тоҷик дарҳол ба ӯ тахаллуси нав — Эйнштейн гузоштанд. Мутахассиси хорватӣ иҷозатномаи мураббии УЕФА Pro дорад. Вай аллакай бо дастаҳои Олмон, Афғонистон, Гурҷистон, Индонезия ва Молдив кор кардааст.