Медалгирии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ: Назаров гуфт, кӣ ҷоизапулӣ мегирад

Дилшод Назаров, раиси Комиссияи пардохти ҷоизапулӣ изҳор дошт, маблағ асосан барои чор намуди мусобиқа пардохт мегардад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои наздик амри раисҷумҳури кишвар барои тақдми мукофоти пулӣ ба варзишгарон имзо мешавад.
Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҷоизаи президент ба варзишгарон вобаста ба сатҳу намуду варзиш ва ҷои ишғолнамуда супорида мешавад. Интизор меравад, ки имсол 32 нафар мукофоти пулӣ гиранд. Маблағ аз Фонди захиравии президент ҷудо мешавад.
Дилшод Назаров, раиси Комиссияи пардохти ҷоизапулӣ тавзеҳ дод, ки маблағ асосан барои чор намуди мусобиқа пардохт мегардад.
Ӯ зикр намуд, ки барои ҷойҳои якум дар бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, барои қаҳрамонии ҷаҳон 250 ҳазор сомонӣ, барои бозиҳои осиёӣ 150 ҳазор сомонӣ ва барои қаҳрамонии Осиё 75 ҳазор дода мешавад. Барои ҷойҳои дуюму сеюм маблағҳои камтар пешбинӣ шудаанд, изҳор дошт Назаров ва афзуд, ки барои ғолибони бархе аз намудҳои мусобиқаи байналмилалӣ ҷоизаи раисҷумҳур пешбинӣ нашудааст.
"Парвоз набуд": Раҳмонзода гуфт, чаро Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпӣ дар Пекин канор монд
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, соли гузашта 966 варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалии дохилию хориҷӣ кишвар иштирок намуда 398 медал гирифтаанд. Ба иттилои расмӣ, аз ин теъдоди медалҳо дар риштаҳои олимпии варзиш 22 медали тило, 52 нуқра ва 95 медали биринҷӣ ба хазинаи варзишии Тоҷикистон ворид шудааст.
Дар намудҳои ғайриолимпии варзиш дар маҷмуъ 223 медал, аз ҷумла 81 медали тило, 69 нуқра ва 79 медали биринҷӣ ба даст оварда шудааст.
Мақомоти варзиши Тоҷикистон мегӯянд, дар маҷмуъ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарони тоҷик 103 медали тило гирифтаанд, ки нисбати соли 2020 69 адад зиёд мебошад. Медали нуқра 121 адад аст, ки дар муқоиса бо соли пешӣ 89 адад зиёд ва медали биринҷӣ 174 адад, нисбати соли пешӣ 116 медал бештар мебошад.
Варзишкорони Русия дар Бозиҳои олимпӣ-2022 дар Пекин - акс
Дар мавриди инфрасохтори варзишӣ хабар дода шуд, ки дар кишвар 10 ҳазору 218 иншооти варзишии шакли моликияташон гуногун фаъолият мекунанд. Аз ҷумла 122 варзишгоҳ, 7 326 майдончаи варзишӣ, 1829 толори варзишӣ, 96 ҳавзи шиноварӣ, 40 маҷмаи марказҳои солимгардонӣ ва 805 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъоланд.
Таъкид шудааст, ки соли 2021 дар Тоҷикистон 227 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 163 майдончаи варзишӣ, 49 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва 4 маҷмаи солимгардонӣ бо харҷи 118 миллион сомонӣ ифтитоҳ гардид, ки 32 миллиони он аз ҳисоби буҷаи давлат ва 86 миллиони дигараш аз ҳисоби сарпарастон сармоягузорӣ шудааст.