ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Кремл феълан мунтазири анҷоми тақиқот атрофи сарусадои допинггирии варзишкори Русия Камила Валиева мебошад.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия хабар дод.
"Мо аз Камила Валиеваамон ҳимоят мекунем. Ҳамаро даъват мекунем, ки ӯ дастгирӣ кунанд. Ба Камила мегӯем: рӯятро пинҳон накун, ту - русиягӣ, бо сари баланд гард ва муҳимаш ҳунарнамоӣ куну ҳамаро мағлуб соз", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Песков.
Маврид ба зикр аст, ки Ожонси байналмилалии допингсанҷӣ аз кашфи маводи триметазидин дар ташхиси Валиева хабар дод, ки охири соли 2021 гирифта шудааст. Ожонси зиддидопингии Русия муваққатан ҳунарнамоӣ барои ин варзишкорро мамнуъ эълон кард, аммо 9 феврал маҳдудият бардошта шуд.
Аз ин тасмим Иттиҳоди байналмилалии конкитозон - ISU шикоят карданист.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков қазияи Валиеваро нофаҳмӣ хонд ва гуфт, бояд анҷоми санҷишро интизор шуд. Вай афзуд, ки мақомдорони бахши варзиши Русия суолҳои муайяне дар мавриди муҳлати санҷиши ташхисҳои анҷомшуда матраҳ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, палатаи болоии парлумони кишвар низ қазияи Валиеваро суолбарангезу сафсата хонд.
"Бовар дорам, мутахассисони дахлдори варзишӣ ва ҳуқуқшиносонамон тамоми талошро мекунанд, то ба таври қатъӣ бепоягии иттиҳомоти садододаро собит созанд", - изҳор дошт ӯ.
Матвиенко таъкид намудааст, ки бо нишон додани беасос будани иттиҳомот мақомоти дахлдор аз эътибори варзиши Русия ҳимоят мекунанд.