ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бунёди хайрияи "Салиқали Урпақ" ба фонди иҷтимоии "Қазоқистон Халқина" (Барои мардуми Қазоқистон) 1 миллиард танга интиқол дод.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.
Муассиси бунёди хайрия бародари хурдии Нурсултон Назарбоев Болат Назарбоев мебошад. Ҳаҷми хайрия дар торномаи он нашр шудааст.
"Мо аз номи кормандон ва роҳбарияти бунёди "Салиқали Урпақ" ба қурбониёни моҳи январи фоҷиавӣ таслият мегӯем. Дар ин замони барои кишвар душвор мо бояд дар атрофи сарвари давлат муттаҳид шуда, ба мардуми Қазоқистон кумак кунем", - омадааст дар хабарнома аз суханони мудири ин созмон Қосим Қасабеков.
Бино ба иттилои торнамо, хазинаи "Салиқалии Урпақ" соли 2016 таъсис ёфтааст. Дар тӯли панҷ соли фаъолият ин фонд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиард танга лоиҳаҳои хайрияеро амалӣ кардааст.
Болат Назарбоев ҳамзамон раҳбари холдинги BN "Invest" низ ҳаст.
Бунёди мардуми Қазоқистон бо ташаббуси Қосим-Ҷомарт Тоқаев баъди ошӯбҳои моҳи январ таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии фонд кумаки хайрия дар соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг ва варзиш мебошад.
То кунун дар ин фонд беш аз 115 миллиард танга ҷамъоварӣ шудааст. Ҳоло комиссияҳои экспертӣ аз рӯи масъалаҳое кор карда истодааст, ки қарорҳои таъҷилиро талаб мекунанд ва ба ин фонда зиёда аз 13 ҳазор муроҷиатнома ворид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аз аксари сарватмандони кишварро барои тангдастии баъзе аз шаҳрвандон интиқод кард.
"Баъзе афроди саршиноси тиҷорат, ки ҷузъи олигополия ва ҳатто таҷассумгари он ҳастанд, барои ширкат дар хайре, ки бо ибтикори сарвари давлат баргузор мешавад, шитоб намекунанд. Оё ин сахтӣ, нигилизм, ё беэътиноӣ аст? Дар ҳар сурат давлат ҳамаи ваколатҳоро дорад, то ба ин суол посух бигирад", - гуфт Тоқаев.
Маврид ба зикр аст, ки эътирозоти оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон дар пасманзари ду баробар боло рафтани нархи газ сар зада, аз ҷумла шаҳри Алмаато, пойтахти пешинаи ин кишварро фаро гирифтанд. Дар посух роҳбарияти кишвар то 19 январ ҳолати фавқулодда эълон намуд, то тартиботу волоияти қонунро таъмин намояд.
Ба гузориши СММ, дар ҷараёни эътирозот дар Қазоқистон ҳудуди ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд. Ба иттилои мақомоти умури дохилии Қазоқистон, тайи ин ҳаводис 17 намояндаи мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, беш аз 1,3 ҳазор нафар осеб дидаанд.