ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия равобити ҳавоии миёни худ то замони пешазҳамагириро барқарор карданд.
Дар ин бора Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо 120 парвоз анҷом мешавад.
Субҳонзода қайд кард, ки ин рақам аз барқарории пурраи парвозҳо шаҳодат медиҳад. Чунин миқдор парвоз пеш аз пандемия сурат мегирифт.
Дар мавриди болоравии нархи чиптаҳо миёни кишварҳо гуфта мешавад, ки ин масъала бо ҷониби Русия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
"Дар оҷонсӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор шуд. Мо ба намояндагони он ширкатҳое, ки ба ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо машғуланд, занг задем. Дар ин замина корҳо идома доранд. Натиҷа аллакай ҳаст", - гуфт ӯ.
Ӯ қайд кард, ки "динамикаи поин рафтани нархҳо аллакай ба назар мерасад".
"Мо ба таври қатъӣ то ба охир исрор хоҳем кард, ки нархҳо дар доираи хароҷоте, ки дар ин хатсайрҳо сарф мешаванд, бошанд", - гуфт ӯ.