Навбатпоии тӯлонӣ дар назди бонкҳои Афғонистон – видео

Сокинони Бағлон рӯзҳои дароз пушти дари бонкҳо навбат мепоянд. Онҳо мехоҳанд, он пулҳои ничизеро, ки дар суратҳисобҳои худ захира кардаанд, бигиранд, то зиндагиии худро пеш баранд
Sputnik
Сокинон Бағлон мегӯянд, ки ҳафтаҳост, интизори гирифтани пул мебошанд. Бонкҳо ҳам ба гуфтаи онҳо, маблағҳои сокинонро ба пуррагӣ намедиҳанд.
Онҳо аз мақомоти ҳукумати толибон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки мушкилоти бонкҳоро ҳал кунанд.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар гузорише аз фурӯпошии низоми молӣ ва бонкии Афғонистон ҳушдор дода буд.
Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар гузорише гуфтааст, қатъи ногаҳонии аксари пуштибонии хориҷӣ пас аз ҳукмронии толибон иқтисоди Афғонистонро дар як ҳолати таназзули озод қарор дод ва фишори бузурге бар низоми бонкии Афғонистон овард.
Гуфта мешавад, барои ҷилавгирӣ аз беқурбшавии пасандозҳо ҳар ҳафта дар робита ба бастани суратҳисобҳои бонкӣ маҳдудият ҷорӣ мешавад.
"Системаҳои молӣ ва пардохтҳои бонкии Афғонистон дар ҳолати бесарусомонӣ қарор доранд ва мушкилоти бонкӣ бояд ҳар чи зудтар ҳал шавад, то тавонмандии ҳукуматро тақвият бахшад ва аз фурӯпошии низоми бонкӣ ҷилавгирӣ шавад", - гуфтаанд гузоришгарон.
Аммо ба гуфтаи онҳо, дарёфти роҳи ҷилавгирӣ аз ин фурӯпошӣ ба далели таҳримҳои байналмилалӣ ва дуҷониба алайҳи раҳбарони толибон мушкил ва печида аст.
Аз замони ба қудрат расидани толибон СММ борҳо ҳушдор додааст, ки иқтисоди Афғонистон дар остонаи харобшавӣ қарор дорад ва ин метавонад буҳрони муҳоҷиратро шадидтар кунад.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, дар сурати фурӯпошии низоми бонкии Афғонистон барои бозсозии он даҳсолаҳо лозим хоҳад шуд.