ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 11 феврал хатари баланди тармафароӣ ва сангрезӣ дар кӯҳҳо боқӣ мемонад.
Аз ронандагони мошинҳои сабукрав, инчунин мошинҳои боркаш хоҳиш мешавад, ки то ҳадди имкон аз ҳаракат дар шоҳроҳҳои калон худдорӣ кунанд.
Бар асари гарм шудани ҳаво хатар чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон, инчунин дар баъзе навоҳии ғарбии вилояти ВМКБ ҳавои номусоид, аз ҷумла боришот дар назар аст.
Ҳамчунин хатари фаромадани тарма ва сангрезиҳо низ зиёд аст.
Дар роҳҳои зерини Тоҷикистон хатари баланди тармафароӣ ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест:
Душанбе - Хуҷанд;
Душанбе - Рашт - Лахш;
Рашт - Сангвор;
Кӯлоб - Дарвоз;
Ванҷ — Рӯшон — Хоруғ;
Хоруғ – Ишкошим;
Хоруғ - Мурғоб.
КҲФ аз сокинон хостааст, ки аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ кунанд ва инчунин ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Зимнан гуфта мешавад, ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷанд бо маҳдудият барқарор шудааст. Ҳангоми нақшаи сафар ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки аз вазъи роҳҳо пурсон шаванд. Ҳамчунин тавсия мешавад, дар навоҳии кӯҳсор ва ё дар минтақаҳои хавфноки роҳҳо дар зимни ҳаракат фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо ба таври қатъӣ бояд риоя гардад.