Ташкили паноҳгоҳи чандманзура дар ҷануби Тоҷикистон барои паноҳандагони афғонистонӣ

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, ҷануби Тоҷикистон як паноҳгоҳи чандманзура бунёд мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин паноҳгоҳ ҳам барои қабули гурезаҳо ва ҳам барои хонаводаҳои тоҷике, ки дар пайи ҳаводиси табиӣ манзилҳояшон хароб мешаванд, хоҳад буд.
Ҳамчунин дар ин паноҳгоҳ гузарондани машқҳо барои қабули гурезаҳо сурат мегирад.
Ба гуфтаи вай, дар ҳолатҳои зарурӣ паноҳгоҳи зикршуда барои қабули паноҳандагони афғонистонӣ низ истифода хоҳад шуд. Масоҳати умумии ин ҷои муқарраршуда 4 ҳекторро ташкил медиҳад.

“Дар майдони 2 гектар иншоот барои қабули гурезаҳо бунёд карда мешавад. Сохтмони ин иншоот, аз ҷумла иншооти зерсохторӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад”, - гуфт Рустам Назарзода.

Раиси КҲФ-и Тоҷикистон ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ба манзури ҷойгир кардани нафароне дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ, ки дар оянда эҳтимол бино бар офатҳои табиӣ манозилашон хароб шавад, ду иншоот бунёд мегардад. Ҳамчунин ин паноҳгоҳ метавонад барои ҳифзи маводи ғизоии марбути ҳолатҳои фавқулодда ва низ кумакҳои башардӯстона истифода шавад.
Ҳалокати 42 шаҳрванд бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон
Дар анбори Кушониён аллакай микдори муайяни озуқаворӣ захира шудааст. Сохтмони анбор дар Хоруғ интизор меравад, дар моҳи марти соли ҷорӣ анҷом ёбад.
“Ин кумак ҳамчунин шаҳрвандони осебдидаи Афғонистонро, ки дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, фаро мегирад”, - гуфт Назарзода.