Боздошти ронанда барои оташ задани мошинҳои таксӣ дар Бохтар

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон муттаҳам дар оташ задани мошинҳои таксӣ дар шаҳри Бохтарро дар як гузаргоҳи марзӣ боздошт кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 25-сола бо иттиҳоми оташ задани мошинҳои таксӣ дар Бохтар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҷавон дар ҳоле боздошт гардидааст, ки қасди фирор аз кишварро доштааст.
ВУД тавзеҳ дод, ки ҳодисаи оташзанӣ нимишаби 5 феврали соли равон дар ҳудуди истгоҳи нақлиётии ширкати "Сафар Ориён", машҳур бо номи "Такси 1111" дар шаҳри Бохтар рух додааст.
Аз ҷумла ду мошини "Опел" оташ зада шудаанд, ки ба сокинони Кӯшониён ва Вахш тааллуқ доштанд.
Боздошти гумонбар дар қатли таксирони тоҷик дар Санкт-Петербург
Манбаъ афзуд, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса созмон дода шуд, муайян кардааст, ки дар ин кор сокини 25-солаи шаҳри Бохтар, ронандаи пешини "Сафар Ориён" даст дорад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳам дар қаламрави вилояти Суғд, дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод зимни талоши фирор аз кишвар боздошт шудааст.
Сабаби даст задан ба ҷиноят ҳиссиёти бадбинӣ ва ғарази шахсӣ нисбати ронандагони ширкати "Сафар Ориён", машҳур бо номи "Такси 1111", арзёбӣ гардидааст.
Мақомот мегӯянд, феълан алайҳи боздоштшуда бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қасдан нобуд кардани молу мулк парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.