Қарори ҳукумат: Барканорӣ ва таъйини Асрорзодаи 35-сола ба мақоми ректорӣ

Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз мансабаш барканор шуду ректори Донишгоҳи байналмилалӣ таъйин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қароре Убайдулло Асрорзодаро аз вазифаи ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озод кардааст.
Тибқи ин қарор, ки Раҳмон моҳи равон имзо карду дар пойгоҳи ахбори ҳуқуқӣ нашр шудааст, Асрорзода ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъйин шудааст.
Таъкид шудааст, ки барканорию таъйинот ба тағйири мақоми ин муассисаи таълимӣ рабт дорад. Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи соли равон ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода, номашро Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузошт.
Қарори ҳукумат: Дар Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ таъсис дода шуд
Номи Убайдулло Асрорзодаи 35-сола, ки роҳбарии ин муассисаи олии таълимиро аз соли 2020 то ҳол ба уҳда дорад, ахиран аз сӯйи пойгоҳи "Диссернет" расонаӣ шуда буд.
Асрорзода, ки доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад, соли гузашта дар феҳрасти олимони тоҷике ном қарор гирифт, ки аз ҷониби пойгоҳи "Диссернет" ба асардуздӣ айбдор мешуданд. Аз ҷумла, ба иттилои ин пойгоҳ, Асрорзода дар рисолаи номзадияш дар мавзуи бозори озуқаворӣ ва танзими давлатии он ки соли 2011 ҳимоя шудааст, беш аз 90 саҳифаро аз кори олимони рус пурра ё қисман рӯбардор намудааст. Назари худи Асрорзода дар бораи ин иттиҳом маълум нест.
Бар асоси ҳолнома, ӯ дар гузашта - солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини мудири Агентии назорат дар соҳаи маориф ва солҳои 2015-2020 ба ҳайси мудири Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ фаъолият намудааст.