ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, ҳоло 1000 рубл 149,5 сомонӣ қимат дорад.
Асъори русӣ давоми як рӯз дар баробари пули миллии сомонӣ 1,5 сомонӣ боло рафтааст.
Қурби евро низ дар баробари пули миллӣ афзоиш меёбад ва ба нишондиҳандаҳои аввали сол бармегардад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.9487 барои як сомонӣ боло рафтааст.
Ин асъор ҳарчанд боло рафт, аммо ҳанӯз дар ҳоли шинокунанда қарор дорад, зеро нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки ин асъор зуд-зуд мавқеашро таъйир медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин барои евро нестанд. Тирамоҳи соли 2021 қурби асъори аврупоӣ умуман аз 13 сомонӣ гузашта буд.
Доллар аз аввали соли 2022 дар сатҳи 11,30 сомонӣ устувор қарор гирифтааст.