Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони тоҷик дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо дар зӯрозмоиҳои "Гранд Слам"-и Париж мағлуб шуд. Ӯро Кристиан Парлати шикаст дод. Ӯ дар давоми зӯрозмоӣ ду шидо гирифту мағлуб дониста шуд.
Ин дуюмин мусобиқаи паҳлавони тоҷик бо рақиби итолиёвияш мебошад. Охири моҳи январ дар мусобиқаи "Гран При"-и Португалия Устопириён дар нимафинал сабқатро ба Кристиан Парлати бохт.
Дар мусобиқаи Португалия, ки дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 дар шаҳри Алмада баргузор шуд, Комроншоҳ медали биринҷиро соҳиб гашт.
Дар мусобиқаи Париж 291 варзишгар аз 53 давлати дунё иштирок доштанд. Варзишгарон тибқи қоидаҳои ҷудо дар 14 категорияи вазнӣ, аз ҷумла 7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон барои медал зӯр озмуданд.
Кумита афзуд, ки дар баробари медалҳо ғолибони ин мусобиқа инчунин ҷоизапулиеро соҳиб мегарданд. Мукофотпулӣ барои ҷои якум 5 ҳазор евро, ҷои дуюм 3 ҳазор евро, ҷои сеюм 1500 евро муқаррар гардидааст.