Тарма даҳҳо нафарро дар Афғонистон кушт: мақомоти тоҷик низ ба шаҳрвандон ҳушдор доданд

Фаромадани тарма дар яке аз навоҳии вилояти Кунари Афғонистон боиси марги 20 нафар нафар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ҳудуди 20 нафар дар Кунари Афғонистон зери қабати ғафси тарма ҷон доданд, хабар додааст шабакаи телевизионии "Tolo News" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, то ҳол 15 ҷасад аз зери тарма берун оварда шуда, ҷустуҷӯи боқимондаҳо идома дорад.
Офати табиӣ дар минтақаи Дангам рух дода, феълан корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.
Ин фоҷеа дар ҳолест, ки мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ба шаҳрвандонаш аз хатари тарма дар рӯзҳои наздик ҳушдор додааст.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 10 тарма фаромадааст.
Ин ниҳод афзуд, ки фаромадани тарма талафоти ҷонию хисороти моддӣ дар пай надоштааст. КҲФ ҳушдор додаст, ки хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват намуд, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.