СММ баъди сафари писари Усома ба Афғонистон: Толибон барои маҳви терроризм коре накардаанд

Дар гузориши Шӯрои Амнияти СММ дар бораи сафари писари Усома бин Лодин, раҳбари кушташудаи "Ал-қоида" ба Афғонистон дар моҳи октябри соли гузашта сухан рафтааст, аммо мақомоти нави Афғонистон ин хабарро тасдиқ намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Гурӯҳи пуштибонии таҳлилӣ ва мониторинги СММ дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки гурӯҳҳои террористии хориҷӣ, аз ҷумла аз "Ал-қоида" дар нимҷазираи Ҳинд то Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Афғонистон нисбат ба солҳои ахир озодии бештар доранд ва писари Усома бин Лодин дар моҳи октябр бо ходимони ҳукумати нав мулоқот ва аз ин кишвар боздид кардааст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати нав барои маҳдуд кардани фаъолияти террористҳои хориҷӣ коре анҷом надодааст ва нишонае ҳам вуҷуд надорад, ки барои маҳдуд кардани фаъолияти террористҳои хориҷӣ дар кишвар чораҳо дида шудаанд.
Ағбар: Толибон барои аъзои “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаи Афғонистон содир мекунанд
Дар бораи сафари Абдулло бин Лодин, писари Усома ибни Лодан ба Афғонистон як узви Шӯрои амнияти Созмони Милал хабар додааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки вазъи саломатии раҳбари феълии "Ал-Қоида" Айман Аз-Завоҳирӣ хуб нест. Аммо дар бораи марги ӯ гузоришҳо вуҷуд доранд. Ба гузориши расонаҳо, як ёвари раҳбари фавтидаи "Ал-қоида" Усома бин Лодан низ дар авохири моҳи август ба Афғонистон баргашт. Гуфта мешавад, ки ӯ сокини вилояти Нангарҳор будааст.
Бар асоси гузориши пуштибонии СММ, як бахши "Ал-қоида" дар нимҷазираи Ҳинд бо раҳбарии Усома Маҳмуд ва муовини ӯ Атиф Ғорӣ дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд, Қандаҳор, Нимрӯз, Пактиё ва Зобул алайҳи ҳукумати пешини Афғонистон мубориза бурдааст.
Нерӯҳои "Ал-қоида" дар нимҷазираи Ҳинд дар ин гузориш аз 200 то 400 нафар арзёбӣ шуда, гуфта мешавад, ки онҳо бештар аз Афғонистон, Ҳинд, Бангладеш, Мянмар ва Покистон ҳастанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Пулу плани калон”: “Ал-қоида”* Осиёи Марказиро чӣ гуна ҳадаф гирифтааст?
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки "Ал-қоида" пас аз табрики толибон бо пирӯзӣ ба унвони иморати исломӣ сукути стратегии худро нигоҳ дошт.
Шӯрои Амнияти СММ инчуин аз афзоиши шумори аъзои шохаи Хуросони ДОИШ аз 2200 ба 4000 нафар изҳори нигаронӣ кардааст. Сабаби афзоиши нерӯҳои ДОИШ раҳоии чанд ҳазор маҳбус дар замони суқути ҳукумати пешин гуфта мешавад.
Як узви Шӯрои Амнияти СММ пешбинӣ кардааст, ки нисфи ҷангҷӯёни бахши Хуросони ДОИШ шаҳрвандони хориҷиянд.
"Ҳарчанд ДОИШ як минтақаи маҳдуд дар шарқи Афғонистонро таҳти назорат дорад, аммо метавонад ҳамлаҳои густурда ва печидае ба мисли бомбгузории фурудгоҳи Кобул анҷом диҳад",-омадааст дар гузориш.
Ҳамзамон дар гузориш омадааст, кишварҳои узв тахмин мезананд, агар Афғонистон вориди бесарусомонӣ шавад, бархе аз ҷангҷӯёни хориҷӣ метавонанд ба ДОИШ, ки ба дасти Саноуллоҳ Ғаффорӣ раҳбарӣ мешавад, байъат кунанд.
Халилзод: Раҳбари "Ал-Қоида"* мумкин аст, дар Афғонистон бошад
Дар ин гузориш ҳамчунин аз озодии рафтуомади аъзои гурӯҳҳои тундрав дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ёдоварӣ мешавад. Бинобар он, сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кобул аз сафарҳои озоди раҳбарони ин гурӯҳҳо ба Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ҳукумати нав алайҳи Таҳрики Туркистони исломӣ, маъруф ба Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, ки алайҳи Чин фаъолият мекунад, иқдом кардааст. Ин тадбирҳо дар музофотҳои шимолу шарқӣ дида шудаанд.
Гурӯҳи пуштибонии СММ ва тими мониторинги таҳримҳо дар чаҳорчӯби талошҳои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи "Ал-қоида" ва ДОИШ дар ду сол як бор чунин гузориш омода мекунад.