ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Некзод Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумати ин шаҳр пас аз ҳашт рӯзи табобат аз шуъбаи осебшиносии шифохонаи марказии Исфара мураххас шуд.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, давоми беш аз як ҳафтаи муроқибат захмҳои пойи Хоҷаев ба пуррагӣ муолиҷа шудаанд.
“Ҳоло барои роҳ гаштани ӯ мушкилие вуҷуд надорад. Хоҷаев дирӯз аз шифохона рухсат шуд ва имрӯз сари кор баргашт” - таъкид намуд, Шомадов.
Некзод Хоҷаев яке аз 10 захмии муноқишаи мусаллаҳои марзии бегоҳии рӯзи 27 январ гуфта мешуд, ки пои чапи ӯро тири захмӣ карда буд.
Ба ҳисоби ӯ, Искандар Маликӣ, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳри Исфара дигаре аз кормандони ҳукумати ҳукумати Исфара гуфта мешавад, ки дар даргирии марзӣ захмӣ шуд. Маликӣ ҳоло дар шуъбаи эҳё бистарӣ аст.
Хоҷаев ва Маликӣ ҳамроҳ бо ҳайати ҳукумати Исфара барои санҷиши вазъ ба ҷойи муноқиша, ба маҳаллаи Сомониён рафта буданд, вале дар он макон худ захм бардоштанд.
Он вақт дар маҳаллаҳои наздимарзии Лангар, Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара муноқишаи марзӣ сар зада буд.
Котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 7-уми феврал дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи марз бо Қирғизистонро ором арзёбӣ кард.
Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муноқишаи марзӣ бегоҳии рӯзи 27 январ аз сангзании қирғизҳо шуруъ шуда, ба тирпаронии сарҳадбонони ду ҷониб боис гардид.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагон дар пайи муноқишаи марзиро нашр кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 низомӣ ва 4 сокинони мулкӣ гуфта мешавад.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳам гуфт, дар даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 11 низомии қирғиз захмӣ шудааст. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Рӯзи 29-уми январ раисони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари як мизи музоқирот нишаста, дар бораи бо роҳи ҳуқуқӣ ва дар доираи манофеи ду кишвар ҳал гардидани баҳсҳои марзӣ изҳори назар намуданд.